ЗАН ДАР ҶОМЕА. МАВЗУИ МЕҲВАРӢ ДАР 26 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ
Баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва ҷалби бонувон дар корҳои идораи давлатӣ аз масъалаҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки дар ҷомеаи озоду демократии Тоҷикистон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дастгирии давлатии занону бонувон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, то имрӯз натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст.
Лозим ба ёдоварист, ки баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Чунончи, аз нахустин Паём, яъне аз 27-уми апрели соли 2000 то 28-уми декабри соли 2024 маҷмуан, дар 26 Паёми Президенти мамлакат масъалаҳои вобаста ба занону бонувон таҳлилу баррасӣ шудаанд.
Сарвари давлат дар Паёми нахустинашон аз 27-уми апрели соли 2000 дар иртибот ба сиёсати давлатӣ оид ба занон ибрози андеша намуда, таъкид доштанд: «Ҳарчанд шумораи умумии вакилони парламент назар ба даъвати гузашта се баробар камтар аст, вале миқдори занон дар ҳайати он нисбат ба даъватҳои гузашта ду баробар зиёд мебошад». Роҳбари давлат омили инро дар дастгирии комил пайдо кардани сиёсати давлатӣ дар бобати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин, дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23-юми январи соли 2015 дар мамлакат соли 2015 - Соли оила эълон шуд, ки ҳадаф аз он эҳтиром гузоштан ба зан – модар, ҳифзи оилаи солим ва пойдории оила равона гардид.
Ҳамзамон, Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон аз 28-уми декабри соли 2024 вобаста ба бузургии зан – модар, нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо дидгоҳу назарашонро изҳор намуданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат ёдовар шуданд: «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад». Илова бар ин, таъкид гардид: «Мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан, боло рафтааст».
Қобили зикри хос аст, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштан, инчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ доранд. Ин аст, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон аз ҳамаи мардон даъват ба амал оварданд, ки нисбат ба модарон, занону духтарон ва апаву хоҳарон меҳрубон бошем ва аз ҳолу аҳволи апаву хоҳарон бохабар гардем. Афзун бар ин, иброз доштанд, ки аз сад сӯзандоруи табиб як маротиба ба хонаи апаву хоҳар даромадани бародар беҳтар аст.
Дар натиҷаи омӯзиш метавон хулоса намуд, ки мавқеъ ва нақши паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мақому манзалати занону бонувон назаррас мебошанд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ