ЗАН ВА СИЁСАТ

11 март 2025, Сешанбе
8


Тули таърих занону бонувони зиёде бо корномаашон номи хешро дар саҳифаҳои он ҷовидона сабт намуданд, ки рӯзгори ҳар кадоми онҳо қобили омӯзиш ва пайравист. Сар карда аз Клеопатра – маликаи Миср ва Екатеринаи II, сиёсатмадорони машҳуреро назири Индира Ганди, Маргарет Тэтчер метавон дар ин радиф ном бурд, ки барои халқу миллати хеш хизматҳои шоиста кардаанд. Барои исботи ин гуфтаҳо, дар бораи бузургтарин занони сиёсатмадори асрҳои XX ва XXI ба шумо маълумот медиҳем.
Индира Ганди 
Индира Ганди, ходими сиёсӣ ва давлатии Ҳиндустон, духтари аввалин Сарвазири ин кишвар Ҷавоҳирлаъл Неру. Сарвазири Ҳиндустон (1966-1977, 1980-1984). Ӯ дар сиёсат роҳи падари худро идома дод ва дар даврони ҳукуматаш дар мамлакат саноат, энергетика, хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳо рушд карданд. Индира Ганди бо ҷудоихоҳон мубориза бурда, иқтисоди Ҳиндустонро танзим намуд, амнияти озуқавориро таъмин ва бонкҳоро миллӣ кунонд. Ӯ аввалин Сарвазир аз ҳисоби занон дар таърихи кишвар мебошад. Соли 1999 дар як назарсанҷии ВВС Индира Ганди унвони "Зани ҳазорсола"-ро соҳиб шуд.

Маргарет Тэтчер
Ӯ, бешак, яке аз чеҳраҳои намоёнтарини асри гузашта мебошад. Ходими давлатӣ ва сиёсист. Аз соли 1979 то 1990 Сарвазири Британияи Кабир, аз соли 1975 то 1990 раҳбари Ҳизби консервативӣ буд. Аввалин занест, ки ин мақомро ишғол кард ва Сарвазири як давлати Аврупо шуд. Барои интиқодҳои шадидаш аз ҷониби раҳбарияти Иттиҳоди Шуравӣ тахаллуси "бонуи оҳанин"-ро гирифт. Як қатор тадбирҳои консервативиро амалӣ карда, ҳамчун сардори Ҳукумат ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодиро анҷом дод. 

Таҳияи Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.03.2025 №: 52