РӮЗИ МОДАР. ТАНТАНАИ ИДОНА ДАР АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА
Директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод иброз дошт: “Модар азизтарин мавҷуди рӯи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз гирифта, дар ҳамаи давру замон рамзи бақову сарсабзии инсон аст. Бинобар ин, дар айёми баҳори сарсабз ва дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз мутобиқ омадани Рӯзи Модар беҳикмат нест ва ин алоқамандиро худи ҳаёт собит менамояд”.
Зикр гардид, маҳз мақоми баланди модар, пиндору рафтору гуфтори неку пур аз муҳаббати ӯ сабаб гардид, ки аҳли башар дар ҳама давру замон модарро ба сифати бузургтарин ва муқаддастарин мавҷуд ҳамеша дӯст медорад ва азиз мешуморад. Бинобар ин, мо ҳам ҳамеша рӯйи ниёз ба модар дорем ва ҳангоми пеш омадани ҳар гуна мушкилот аз модар мадад меҷӯем. Шоирону адибон симои воқеии ӯро бо сухан нишон дода, ба қадри тавон тавонистаанд бузургии модарро дар навиштаҳояшон баён намоянд. Бузургиву матонати модарро ба инобат гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи вохӯриҳо хидмати волидонро ба ҷо овардану онҳоро қадр намудан таъкид карда, чунин иброз намудаанд: «Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши руҳу ҷон мебошад. Ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии модар аст».
Бешак, Сарвари давлат хидмати модарро ба ҷо овардаанд ва аз дуои неки ӯ бархӯрдор гаштаанд. Ба чунин мартаба расидан ва соҳиби эҳтироми пиру ҷавони кишвар шудан, аз аҳволи ҳар шахси танҳо бохабар будан, сари ятимонро сила намудан, маъюбонро дастгирӣ кардан далели ин гуфтаҳост.
Абдураҳмон Ҳалимзод таъкид кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон соҳае нест, ки дар он занону духтарон фаъолият надошта бошанд. Нақши занону бонувон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявии Тоҷикистон бузург аст.
Дар идомаи чорабинӣ бонувони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо туҳфаҳо қадр шуданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”