ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. ТАНТАНАИ РӮЗИ МОДАР КАМНАЗИР АСТ!

ТОҶИКИСТОН. ТАНТАНАИ РӮЗИ МОДАР КАМНАЗИР АСТ!

12 март 2025, Чоршанбе
2
0


Дар тақвими ҷаҳон ҳар рӯз иду ҷашн аст. Ба фазои шабакаҳои иҷтимоӣ сар мезаниву мебинӣ, ки ҳама чиз, ҳама падида рӯзи вижаи худро дорад. Фарзи мисол, Рӯзи байналмилалии забони модарӣ ҳам дорем, ки ҳар сол 21-уми феврал қайд мекунем, аммо ягона кишваре, ки Рӯзи Модар дорад ва онро чун ҷашн дар тақвими ҷашнҳои давлатӣ ворид кардааст, Тоҷикистон мебошад. Дуруст аст, ки ҳамасола дар бештари кишварҳои дунё 8-уми март ҳамчун рӯзи озодии занон аз беҳуқуқиву шиканҷа қайд мешавад, аммо расман Рӯзи Модар эътироф нашудааст. Ба ин хотир дар кишвари мо таҷлил шудани 8-уми март чун Рӯзи Модар, воқеан ҳам, нотакрор, балки падидаи беназирест, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст.
Андеша мекунему мебинем, ки, воқеан  ҳам, чаро  соҳибони ҳама касбу кор як рӯзи вижа доранд, аммо модар не? Коре, ки модар дар фазои як хонавода сомон медиҳад, аз ҳама кору пешаҳои ҷаҳон муҳим аст. Яке достон, яке филм, яке мошин, яке зарф, яке пироҳану кафш меофарад, аммо модар насли инсон меофарад, одамгарии моро ба мо аз нав муаррифӣ мекунад. Аз ин хуҷастатар рисолате набудаву нахоҳад буд.
Дар ҳақиқат, ин падидаи нодир, яъне Рӯзи Модар, аз шоиста будани ҷойгоҳи ин олиҳаи меҳр башорат медиҳад. 
Шоирону нависандагони номвари тоҷик дар баёни вижагиҳои  духтарону  модарон китобҳои алоҳида бо унвонҳои “Духтарбача ё ки Холида...” (Садриддин Айнӣ), “Ҷони  ширин” (Мирзо Турсунзода), “Духтари оташ” (Ҷалол Икромӣ), “Дасти дуои модар” (Лоиқ Шералӣ), “Зан ва ҷанг” (Гулрухсор), “Духтари дарё” (Зулфия Атоӣ), “Модарнома” ва “Модарҷон” (Фарзона), “Дили модар” (Равшани Махсумзод)  чоп кардаанд.  Ин рӯйхат хеле тулонӣ хоҳад буд, агар ба муарифии асарҳои алоҳида бипардозем.
Китоби “Дасти дуои модар”-и устод Лоиқ шояд дар замони истиқлол аз серхаридортарин ва машҳуртарин китобҳо бошад, ки такрор ба такрор чоп мешавад ва ашъори таркиби онро ҳам мардум ҳифз кардаанду ҳам дар пардаи оҳангҳои марғуб аз тарафи сарояндагони машҳури мо пешниҳод шудаанд. Чанде пеш нашриёти “Адиб” ба ифтихори Рӯзи Модар ин китобро якҷо бо модарномаҳои шоирон Камол Насрулло (“Чароғи дуо”), Давлат Сафар (“Қанде, ки зи остини модар хӯрдам...”) ва “Авсофи модар” – маҷмуаи дастаҷамъии шоирони сад соли охири мо доир ба модарро чоп кард, ки аз меҳру муҳаббати бепоёни ин миллат ба ин олиҳаи меҳр паём медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар чорабиниву суҳбатҳояшон  бо мардум ва масъулони давлативу ҷамъиятӣ, новобаста ба он ки мавзуи суҳбату суханронӣ сиёсист, ҳатман гиреҳи суханро ба вожаҳои зебои “модар, зан, бонувон, духтарон” мепайванданд. Дар Паёми навбатии хеш низ гуфтанд: “Сухане, ки модар мегӯяд, раҳнамоӣ, насиҳате, ки модар мекунад, ҳеҷ каси дунё ба шумо намегӯяд”. 
Воқеан ҳам, аз оғоз Сарвари кишвар бузургиву нотакрор будани баҳоровари рӯзгори мо – модаронро арзиши наву тоза бахшида, бо фазилати хеш Рӯзи Модарро ба зарварақҳои таърих навиштаанд.

Бузургмеҳри  БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.03.2025 №: 53
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив