ТИРПАРРОНӢ
Медали тиллои Ширинбибӣ дар “Алтин Мерген”
Варзишгари навраси кишвар Ширинбибӣ Раҷабова дар Мусобиқаи байналмилалии тирпарронӣ – “Алтин Мерген” дар шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон медали тилло ба даст овард.
Мусобиқа бо иштироки беш аз 200 варзишгари 6 давлат аз 2 то 9-уми март баргузор шуд.
Ширинбибӣ дар тирпарронӣ ба масофаи 10 метр ширкат карда, ба ӯ касе баробар нагашт.
ҶУДО
Мадина дар Ҷоми Аврупо медали биринҷӣ гирифт
Паҳлавонбонуи навраси кишвар Мадина Қурбонзода дар мусобиқаи “Antalya Millennium Team Cadet European Cup 2025” ба гирифтани нишони биринҷӣ шарафёб гардид.
Мусобиқа 8-9-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардида ва дар он 448 варзишгар аз 24 давлат ширкат дошт.
Мадина дар вазни -52 кг дар даври аввал намояндаи Қазоқистон, сипас, варзишгари Словакияро шикаст дод, вале дар чорякфинал аз намояндаи Юнон мағлуб шуд. Мадина, баъдан дар даври тасаллобахш бар Самира Жароваи қирғиз ва Марям Гулиашвилии гурҷӣ, дар мубориза барои медали биринҷӣ бар Нино Хариашвилии гурҷӣ ғолиб омад.
ФУТБОЛ
Қуръакашии Лигаи якум доир шуд
12-уми март дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои Лигаи якум баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мавсими нави Лигаи якум, ки дар ду марҳала баргузор мешавад, 14 даста ширкат мекунад: «Душанбе», «Шодмон» (Ҳисор), «Ваҳдат», «Рангон» (Рӯдакӣ), «Сардор» (Турсунзода), «Исфара», «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Саразм» (Панҷакент), «Мастчоҳ», «Саройкамар» (Панҷ), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Моҳир» (Ёвон), «Сомон» (Данғара) ва «Норак».
Қуръакаширо бозигарони маъруфи тими миллии кишвар – Аслиддин Ҳабибуллоев ва Баҳодур Сӯфиев гузаронданд. Ҳамин тариқ, дар даври аввал «Саройкамар» бо «Ваҳдат», «Сардор» бо «Моҳир», «Исфара» бо «Сарҳадчӣ», «Рангон» бо «Шодмон», «Сомон» бо «Норак», «Саразм» бо «Парвоз», «Мастчоҳ» бо «Душанбе» вомехӯранд.
Мавсими нави Лигаи якум аввали моҳи апрел шуруъ мегардад. Тибқи низомнома, дар натиҷаи Чемпионат, ғолиб ба Лигаи олӣ роҳхат мегирад. Ҳамчунин, дастаи ҷойи дуюм бо тими ҷойи 11-уми Лигаи олӣ бозии гузаришӣ анҷом медиҳанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.03.2025 №: 54