ТОҶИКИСТОН. БАҲОИ МУСБАТИ ВАО-И ХОРИҶӢ БА ИНТИХОБОТЕ, КИ ГУЗАШТ
Интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ки 2-юми марти соли 2025 дар сатҳи баланди ташкилӣ ва дастаҷамъии мардум баргузор гардид, таваҷҷуҳи расонаҳои хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Дар фазои озоду шаффоф сурат гирифтани интихобот буд, ки баргузори он дар оҷонсиҳои иттилоотии кишварҳои хориҷ ба таври густурда инъикос гардид.
Танҳо дар Агентии иттилоотии АИР "Новости" доир ба интихоботи порлумонӣ 10 хабару гузориш нашр гардид. Гузорише, ки зери унвони “Зимни интихобот дар Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор нашудааст” рӯйи чоп омад, бо такя ба афкори нозирони байналмилалӣ аз ҷараёни интихобот иттилоъ медиҳад. Манбаъ бо иқтибос аз суханони Леонид Анфимов роҳбари намояндагии ҳайати нозирони ИДМ менависад: “Дар ҷараёни интихобот мо аз 887 қитъаи интихоботӣ дидан кардем. Миссия ягон қонуншикание, ки метавонад ба натиҷаҳои интихобот таъсир расонад, муайян накард”. Инчунин, дар интиҳои гузориш зикр шудааст: “Интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод, шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ, ки дар кишварҳои муштаракулманофеъ қабул шудаанд, баргузор гардид”.
Хабарнигори Агентӣ Лидия Исамова аз қавли Сергей Рачков, узви гурӯҳи нозирони Ассамблеяи порлумонии СААД чунин иқтибос мекунад: “Нозирони гурӯҳи 12-нафарии СААД дар як муддати кӯтоҳ бо қонунгузории миллии интихобот, ки комилан мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалии демократӣ аст, ошноӣ пайдо кардаанд”. Илова бар ин, Сергей Рачков зимни як нишаст гуфтааст: “Мардуми Тоҷикистон дар интихобот барои имрӯзу фардои кишварашон озодона овоз медиҳанд”.
“Нозирони ИДМ дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканиро ошкор накардаанд”. Зери чунин унвон дар Агентии иттилоотии ТАСС гузориши муфассале нашр гардид, ки дар он ба овоздиҳӣ дар фазои орому осуда ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаштани интихобот баҳои сазовор дода шудааст. Ҳамчунин, бо ҳамин мазмун, бо сарлавҳаҳои “Ба Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон аз ҷараёни интихоботи порлумонӣ шикояте ворид нашудааст”, “Натоиҷи пешакии интихобот рӯзи 3-юми март, соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ эълон мешавад” ва “Нозирони ИДМ дар ҷараёни интихобот дар Тоҷикистон ягон қонуншиканиро сабт накардаанд” гузоришҳое дар сомонаи Агентии мазкур нашр гардиданд, ки ҳамаи онҳо ба ҷараёни интихобот баҳои баланд доданд.
Дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Беларус ҳам интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси Олӣ ба таври васеъ инъикос ёфт. Агентии иттилоотии “Белта” дар гузорише, ки бо сарлавҳаи “Карпенко, – интихоботи парламенти Тоҷикистон дар вазъияти орому дӯстона мегузарад” нашр шуд, менависад: “Мушоҳидаи интихобот, ки дар фазои идона ҷараён дорад, хуш буд. Дар участкаҳои интихоботӣ овоздиҳӣ тибқи тартиби муқарраршуда ва бо ҳузури нозирони маҳаллӣ ва байналмилалӣ ва намояндагони ВАО сурат гирифт”.
Дар гузориш омадааст, ки Игор Карпенко, раиси Комиссияи марказии интихоботи Беларус сатҳи баланди корҳои омодагии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро зикр намуда гуфт: “Интихобот дар вазъияти ором ва дӯстона гузашт. То ҷойе, ки шаҳрвандон ба овоздиҳӣ мераванд, бо нозирони байналмилалӣ озод ва ошкоро муошират мекунанд”.
Дар Агентии иттилоотии “Синхуа” низ хабаре бо унвони “Тоҷикистон: қадами нав ба роҳи бузурги Абрешим” пахш гардид. Манбаъ зикр мекунад: “Рӯзи 2-юми март дар Тоҷикистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Ин як лаҳзаи умедбахш ва қадами муҳим ба оянда аст. Кишваре, ки мероси бостонии роҳи Абрешим дорад, ба сӯи демократия ва шукуфоӣ пеш меравад».
Хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон – ИРНА ҳам дар ин росто фаъол буд. Бо сарлавҳаи «Интихоботи порлумонии Тоҷикистон оғоз шуд» маводе нашр намуд, ки дар он аз ҷараёни интихоботи шаффоф дар кишвари мо иттиллоъ медиҳад.
Ба ин тартиб, дар бисёр расонаҳои хориҷӣ аз рафти интихоботи порлумонии кишвари мо хабару гузоришҳои зиёд таҳия ва пахш гардиданд. Ин гузоришҳо баёнгари онанд, ки интихобот дар Тоҷикистон ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон мебошад.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”