ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ВАҚТЕ САРВАР БА НАҚШИ ЗАН АРҶ МЕГУЗОРАД...
Баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеаи озоду демократии мо сол ба сол таҳкими ёфта, занону бонувони тоҷик дар идораи корҳои давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ, тандурустӣ, маорифу фарҳанг ва кулли соҳаҳои дигар ҳузури бештар пайдо мекунанд. Чунин башорати нек аз таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон сарчашма гирифта, нақш ва ҷойгоҳи онҳоро дар кишвари озод тавсеа бахшидааст.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо аз ҳисоби занону духтарони тоҷик дар мансабҳои роҳбарӣ, аз ҷумла роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазирон, аъзои Ҳукумат, раисони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳо, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
Дар доираи амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тақвият бахшидан ба мавқеи занон дар ҷомеа, бо ташаббуси Сарвари давлат як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, қонунҳо «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи мубориза ба муқобили харидуфурӯши одамон», Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми занон барои солҳои 1998-2005», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015 ба тавсиб расиданд, ки гувоҳи равшани иродаи қавии сиёсии роҳбарияти давлат дар самти боло бурдани мавқеъ ва нақши занон дар ҷомеа маҳсуб меёбанд.
Яке аз санадҳои бисёр муҳим оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999, «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад, ки таъмини иштироки фаъолонаи занонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солимгардонии генофонди миллӣ, баланд бардоштани нақши занро дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат муқаррар намуд. Тавассути фармони мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки намояндагии занонро бо дарназардошти салоҳият ва сифатҳои касбию кордониашон ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, мақомоти прокуратура ва суд, таълимгоҳҳои олӣ ва дигар муассисаҳои илму маориф таъин намоянд.
Мо – занону модарони тоҷик, шукр мегӯем, ки баробари ба сари қудрат омадани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қалби зан – модари тоҷик, аз нав ба зиндагӣ гарм шуд. Сарвари давлат дар тамоми вохӯриҳояшон оид ба мақоми зан дар ҷомеа баҳои баланд дода, зикр мекунанд: «Ҷомеае, ки ғамхори зан – модар бошад, ба ояндаи худ кафолат дода метавонад. Давлате, ки барои зан – модар ғамхор набошад, оянда имконияти давом додани ҳастии худро аз даст медиҳад».
Ҳоло мо бонувони хушиқболи тоҷик, барҳақ вазифадорем, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати пешрафту шукуфоии Ватани азизамон ва тарбияи насли ояндасози кишвар бо садоқату самимият кору фаъолият ва амал намоем.
Мавҷуда ХУҶОВА,
ходими пешбари илмии АМИТ,
номзади илмҳои филологӣ