ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТӢ  ДАР ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТӢ  ДАР ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

14 март 2025, Ҷумъа
4
0


Бегоҳии 13-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии худро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расонданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бишкек Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гусел намуданд.
Сафари давлатии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ду рӯз идома ёфт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар шахсони воломақом гуфтушуниди муфассал анҷом доданд.
Аз рӯйи натиҷаи ҳамоиши Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи олӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини онҳо Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ мебошад.

Санаи нашр: 14.03.2025 №: 155
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив