ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ

ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ

15 март 2025, Шанбе
7
0


Вақте номи  «Ҷумҳурият» садо медиҳад, қабл аз ҳама, дар пеши назар чеҳраи миллати фарҳангӣ, таърих ва имрӯзу фардои кишвари озоду ободи соҳибтамаддун, ширинию ғановати забони фасеҳ, манзараи табиати афсункор ва дар маҷмуъ, симои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати озодаву сарбаланди тоҷик ҷилвагар мешавад. Зеро «Ҷумҳурият» Нашрияи расмии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, ҳамчун рӯзномаи ҷамъиятиву сиёсии давлати соҳибистиқлоламон ба забони давлатӣ – забони тоҷикӣ, нашр мешавад.
«Ҷумҳурият» рӯзномаест, ки мавқеи он дар иттилоърасонӣ ва шарҳу тавзеҳи воқеаву рӯйдодҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон дар дохилу хориҷи кишвар мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Бинобар ин, аҳли эҷоди рӯзнома дар гузориши воқеаву рӯйдодҳо ва таҳлилу шарҳи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва ҳаёти иҷтимоию фарҳангии мамлакат масъулияти азиме бар дӯш доранд.
«Ҷумҳурият» танҳо як рӯзнома нест, балки мактаб аст, мактабе, ки давоми сад сол ҳам бори таърихи навини моро бар дӯш кашид ва ҳам таҷрибаи наслҳои пешини журналистикаи миллиро ба наслҳои баъдӣ бо маром интиқол дод.
Оғози фаъолияти рӯзнома ба замоне рост омад, ки халқияту миллатҳои минтақа барои сохтани давлати миллии хеш бо ҳар роҳу восита талош меварзиданд. Аз ин рӯ, миллат ба минбари баланде ниёз дошт, ки дар субҳи козиби он рӯзгори сахт дар паҳнои қаламрави тоҷик бонги бедорӣ занад ва миллатро ба маъракаи бузурги сарнавиштсоз фаро хонад.
Масъулини рӯзнома азми худро дар ин роҳ ҷазм карданд ва мақсаду мароми хешро дар номи нави он ба хубӣ дарҷ намуданд. Ин буд, ки рӯзнома аз шумораи дувум бо номи «Бедории тоҷик» интишор ёфт. Ин хитоба дар ҳалқаи аҳли зиё ва хонандагони рӯзнома танин андохт, ки  миллат беш аз ҳама ба бедории сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дорад. «Бедории тоҷик» масъулияти бузурги ифои ин рисолати таърихиро бар дӯш гирифт ва хушбахтона, муваффақ низ гардид.
Имрӯз низ «Ҷумҳурият» минбари ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст. Ҳеҷ қишре аз ҷомеаро наметавон пайдо кард, ки дар саҳифаҳои он нақши хоссаи худро нагузорад. Шуруъ аз Сарвари давлат ҳамаи арбобони илму сиёсат, фарҳангу иҷтимоъ, кишоварзу коргар, муаллиму муҳассил, муҳандису табиб, ҳунарманду варзишгар ва беш аз ҳама рӯзноманигорон, дар ин минбари баланд барои худ ҷойгоҳи вижа доранд. «Ҷумҳурият» ҳаққи ҳамаи мардумро мунсифона адо мекунад.
Саҳми рӯзнома дар тарғиби арзишҳои миллӣ, истиқлоли давлатӣ, сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии мамлакат бамаротиб боло рафт. Рӯзнома дар боло бурдани худшиносии миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар дохилу хориҷи кишвар нақши бориз дорад.
Барои аҳли қалами рӯзнома дар пешорӯи ҷашни 100-солагии «Ҷумҳурият» тани сиҳату хотири шод ва барору комёбиҳои бузург таманно мекунам. Итминони комил дорам, ки раҳбарият ва ҳайати эҷодии рӯзнома дар ифои ин рисолати азим ва масъулияти бузурги хеш ба қуллаҳои боз ҳам баландтар даст меёбанд.

Матлубахон САТТОРИЁН,
вазири фарҳанги Тоҷикистон

Санаи нашр: 15.03.2025 №: 56
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив