ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМБОЛИ ТОҶИКИСТОН

ҲАМБОЛИ ТОҶИКИСТОН

15 март 2025, Шанбе
2
0


Ба рӯзи «Иди тоҷик» бо паём оғоз бахшидӣ,
Ҳазорон бобҳои маърифатпардоз бахшидӣ.
Садои халқро бо меҳр оварда ба минбарҳо,
Кабӯтарҳои рози халқро парвоз бахшидӣ.

Ҳумоюн Тоҷикистонро ту ҳамсолӣ,
Ту эй, «Ҷумҳурият», саршори иқболӣ.

Задӣ зангӯлаи «Бедории тоҷик»-ро аввал,
Шудӣ дар зулмати бесарварии мардумон машъал.
Навишта сарнавишти кишвари моро ба авроқат,
Ту бо килки ҳунар оинаи дил додаӣ сайқал.

Ҳумоюн Тоҷикистонро ту ҳамсолӣ,
Ту эй, «Ҷумҳурият», саршори иқболӣ.
Ватан бо Пешвои миллати мо мешавад обод,
Ватан бо донишу бо қудрати мо мешавад обод.
Саропо садри таърихӣ, барои халқ тадбирӣ,
Ба пайки номаи ту давлати мо мешавад обод.

Ҳумоюн Тоҷикистонро ту ҳамсолӣ,
Ту эй, «Ҷумҳурият», саршори иқболӣ.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 15.03.2025 №: 56
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив