АЗ «ТОҶИКИСТОНИ СОВЕТӢ» ТО «ТОҶИКИСТОНИ ШУРАВӢ» (1955-1990)
Рӯзнома 1-уми январи соли 1955 дар саҳифаи 4-ум чунин эълон додааст:
«Ба маълумоти хонандагони газетаҳои республикавӣ
Аз 1 январи соли 1955 газетаи «Тоҷикистони сурх» бо номи «Тоҷикистони советӣ» ва газетаи «Қизил Точикистон» бо номи «Совет Точикистони» мебароянд».
Дар ҳамин асос аз 1-уми январи соли 1955 рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» бо унвони «Тоҷикистони советӣ» нашр шуд, то даме, ки мубориза барои манфиатҳои миллии тоҷикон, махсусан, баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ, оғоз наёфт. Дар ин мубориза «Тоҷикистони советӣ» парчамбардор буд. Дар саҳифаҳояш даҳҳо мақолаҳоро дар бораи ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ ва боло бурдани сатҳи худшиносии миллӣ ҷой дод. Аз соли 1990 масъалаи ивази номи рӯзнома ба миён омад. Қарор шуд, ки аз «Тоҷикистони советӣ» калимаи «советӣ» ихтисор шавад, вале муассисони нашрия ҲК Тоҷикистон, Совети Олӣ ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон ба ин розӣ нашуданд ва номи «Тоҷикистони шуравӣ»-ро тасдиқ карданд. Пас аз соҳибистиқлолии давлатӣ, аз соли 1991 рӯзнома мебарояд бо унвони баландпарвози «Ҷумҳурият».
Соли 1955 рӯзнома аз 1-уми январ бо имзои иҷрокунандаи вазифаи муҳаррир Қ.Маъруфӣ нашр шуд. Аз шумораи 14-уми январ бо имзои С.Ғуломов ба дасти хонанда расид. Дар ин сол шумораи 16-уми июл, № 167 пурра ба рӯзи вафоти устод Садриддин Айнӣ бахшида шудааст. Шумораи № 170 низ сӯгвориҳо, марсияҳо ва ёддоштҳо оид ба устод Айниро дар бар мегирад.
Дар соли 1956 рӯзнома 310 шумора нашр шудааст. Аз 7-уми сентябр муҳаррир А.Ҳоҷибоев таъин гардидааст. Дар ин сол муаллифони фаъол Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Ғаффор Мирзо ва дигарон буданд. Кормандони идора Ғоиб Қаландаров, Шодӣ Саидов, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Ҳаким Набӣ, Мавлон Узоқов…
Бобоҷон Ғафуров моҳи майи соли 1956 аз вазифаи Котиби якуми Ҳизби Коммунисти ҶШС Тоҷикистон озод ва ба ин вазифа Турсун Ӯлҷабоев интихоб мешавад.
14-уми декабри соли 1957 бунёди НБО «Қайроққум», ки аз 6 агрегат иборат аст, пурра ба охир расид, мужда додааст рӯзнома. Ба шарофати обанбори ин Неругоҳ 350 ҳазор гектар замини ташналаби Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон шодоб гардид.
Соли 1958 рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» навид дод, ки Неругоҳи барқи обии «Шаршара» дар дарёи Вахш бо иқтидори 30 ҳазор киловатт-соат ба кор даромад.
5-уми марти соли 1959 рӯзнома хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе нахустин Анҷумани журналистони ҶШС Тоҷикистон баргузор гашт. 3-юми октябр дар шаҳри Душанбе Телевизиони «Тоҷикистон» ба фаъолият пардохт.
Дар шумораи №15-уми соли 1960-уми рӯзнома фелетоне нашр шудааст бо номи «Донаевро донед. Донжуани навбаромад». Ҳамчунин, муждаҳоро дар бораи бо Ҷоизаи байналмилалии «Уқоби тиллоӣ» қадр шудани филми «Қисмати шоир», ба Мукофоти ленинии СССР сарфароз гаштани устод Мирзо Турсунзода хондан мумкин.
Дар соли 1961 «Тоҷикистони советӣ» ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Норак» таваҷҷуҳи зиёд додааст. Соли 1962 муҳаррири рӯзнома А.Ҳалимов таъин шудааст. Саҳифаи махсуси рӯзнома «Норак – сохтмони бузурги ҳафтсола». Дар соли 1963 НБО «Сарбанд» бо иқтидори 210 ҳазор кВт ба истифода дода шуд. Неругоҳи барқи обии «Марказӣ» дар соли 1964 бо иқтидори 18 ҳазор кВт фаъол гашт. Дар соли 1965 хабарнигор И.Ихтиёрова ягона бонуи эҷодгар будааст.
Дар соли 1966 саҳифаи рӯзи истироҳат бештар нашр шудааст, ки шеъру ҳикояҳо, ҳаҷвияҳо, фелетонҳоро дар бар мегирад. Рубрикаи «Андешаи хонанда» дар соли 1967 ҷолиб аст. Зери он хонандагон фикру андеша, пешниҳоду дархост ва вокуниши худро вобаста ба баромадҳои рӯзнома иброз медоштанд. Рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» дар солҳои 1968-1978 ва минбаъд низ ғайр аз рӯзи душанбе ҳар рӯз нашр мешуд.
Вақте ки бастаҳои сад соли нашрияро варақ задам, чашмам ба гӯшае афтод бо номи «Барги сабз». Саҳифаи махсуси адабии ҳармоҳа будааст. Ба пешвози 100-солагии рӯзи таваллуди Садриддин Айнӣ бо имзои С. Ҳалимшо гузорише додааст аз мизи мудаввар бо унвони «Сабақҳои устодро ба ёд оварда…». Хабарнигор навиштааст: «Дар гирди мизи мудаввари «Тоҷикистони советӣ» шоирону нависандагони маъруфи тоҷик бахшида ба зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ суҳбати хоссае оростанд.
Шумораи 13-уми апрели соли 1978 ба ифтихори 100-умин солгарди Садриддин Айнӣ «Ҷашни маданияти советӣ» унвон дошт, ки пурра мақолаҳояш ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устоди шуҳратёр бахшида шуда буданд. Дар мақолаи «Оинаи дили халқ», И. Раҳимова, котиби КМ Партияи Коммунистии Тоҷикистон, зикр намудааст: «Шоири халқии Тоҷикистон, шогирд ва давомдиҳандаи кори С. Айнӣ Мирзо Турсунзода муаллими худро «оинаи дили халқ» номида буд. Дар ин суханони зебо тамоми тарҷумаи ҳоли устод ифода ёфтааст.
Дар ҳамин шумора маводи котиби якуми правленияи Иттифоқи нависандагони СССР Георгий Марков бо номи «Сарояндаи револютсия» ҳамчунин, мақолаву хабарҳо ва ёддоштҳои Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, А. Аҳроров, суханони адибону олимон, ходимони давлатӣ А. Лоҳутӣ, Е. Н. Павловский, Л. Леонов, В. Шкловский, Ғ. Ғулом, М. Шогадоев, А. Венслова, М. Авезов, Б. Карбобоев, Ч. Айтматов, А. Курелла, Ю. Фучик, О. Борт, Ё. Ғиёсов ва дигаронро метавон мутолаа кард, ки ҳама саршори муҳаббату самимият нисбат ба устоданд.
Шумораи 20-уми майи соли 1978 зери унвони «Тантанаи ҷашни Садриддин Айнӣ дар Москва» иттилоъ додааст: «Москва. (Мухбирони махсуси ТоҷикТА). 100-солагии зодрӯзи Садриддин Айнӣ ба иди адабиёти сермиллати советӣ, воқеаи дурахшони ҳаёти мадании мамлакат табдил ёфт. Ин санаи фараҳбахш бо қарори ЮНЕСКО дар тамоми ҷаҳон ҳарҷониба қайд карда мешавад. Шаби ботантанае, ки 18 май дар Москва, дар Театри калони СССР барпо гардид, далели эҳтироми самимии хотираи нависандаи барҷастаи тоҷик, олими намоён ва ходими ҷамъиятӣ мебошад».
Соли 1982. Мақолае, ки таваҷҷуҳи моро ба худ кашид, бо номи «Арз мекунем, ки…» чоп шуда буд, ва ба килки М. Мирбобоев тааллуқ дошт. «…Мактубҳои меҳнаткашон, арзу дархости онҳо манбаи хеле муҳим ва боварибахши хабарҳоеанд, ки ҳаёти мардумро дар худ таҷассум менамоянд. Онҳо яке аз шаклҳои конкретии зуҳуроти демократияи сотсиалистӣ, ифодагари иштироки фаъолонаю оммавии одамон дар идоракунии ҷамъиятӣ ва давлат мебошанд», – зикр намудааст хабарнигор. Сипас, андешаҳояшро идома дода, таъкид кардааст, ки бисёр вақт сабаби қалам ба даст гирифтани мардум аз бепарвоии роҳбарони муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ, маориф, тандурустӣ, раисони хоҷагиҳо, ҷамоатҳо дар иҷрои вазифаҳои мансабиашон мебошад. Масалан, ба деҳотҳо хатти обу газ намекашанд, роҳҳоро сангфаршу мумфарш накарда, мактабу боғча, беморхонаҳоро бо сӯзишворӣ таъмин намесозанд ва ғайра. Аз ин рӯ, мардум ба идораи рӯзнома «Арз мекунем, ки…» гуфта муроҷиат менамоянд, то ки камбудиҳо бо ёрии хабарнигорон аз байн бардошта шаванд.
Рӯзнома солҳои минбаъда, яъне то соли 1991, бо номи «Тоҷикистони советӣ» нашр мешуд, теъдодаш сол ба сол меафзуд. Ҳафтае шаш маротиба ба дасти хонанда мерасид. Ба ғайр аз ҳаёти кишвар, ҳамчунин, дар бораи навигариҳои 15 ҷумҳурии бародарии Иттиҳоди Шуравӣ матлабҳо ба нашр мерасонд. Ҳаҷми зиёди саҳифаи сеюми рӯзнома матлабҳои ба ҳаёти ҷаҳон бахшидаро дар бар мегирифт. Дар дунё чи воқеаҳои муҳим рӯй додаанд, аз ин саҳифа ҳамарӯза хонда мешуд. Яъне, хонандагони сершумори рӯзнома аз ҳаёти мамлакати худ, кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва ҷаҳон сари вақт воқиф мегаштанд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
"Ҷумҳурият"