ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МИНБАРИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МАРДУМИ ТОҶИК

МИНБАРИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МАРДУМИ ТОҶИК

15 март 2025, Шанбе
3
0


Дар шаҳри Душанбеи ҷавон – пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, 15-уми марти соли 1925 нашр гардидани рӯзномаи «Иди тоҷик» ҳақиқатан ҳам воқеаи таърихӣ буд. Чи тавре ки устод Садриддин Айнӣ фармудаанд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад». Миллати тоҷик он рӯз соҳиби нашрияи расмӣ гаштани худро ботантана ҷашн гирифт.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кормандони нашрияро бо ин воқеаи муҳими таърихӣ, яъне таҷлили 100-солагии нашрияи азизу муътабарамон, забони гӯё ва буррою қотеонаи миллати тоҷик – рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз таҳти дил муборакбод мегӯем!
Аввалин сардабири рӯзномаи «Иди тоҷик» олими забардасти миллати мо Аббос Алиев буд. Ин марди фазилатпеша ҳамон вақт аввалин олими унвондор дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт. 
Шумораи дуюми рӯзномаи умумимиллии мо 5-уми апрел таҳти унвони «Бедории тоҷик» интишор ёфт. Ҳатто номи ин ҷарида низ ҳамон давр барои мо басе сабақомӯз буд.  
Сипас, рӯзнома бо номи пурмаъно ва арҷманди «Тоҷикистони сурх» ба нашр расид. Инро яке аз арбобони ҳизбӣ ҳамон вақт чунин ташреҳ додааст: «Дар нимаҳои солҳои бистум ҳадафи рӯзнома бедор кардани миллати тоҷик буд ва ин хидамоти арзандаро бо сарбаландӣ ба анҷом расонд. Акнун халқи тоҷик соҳиби давлати худ шуд, ин давлат Тоҷикистон ном дорад ва рӯзнома ҳамин номи давлаташро ба худ гирифт».
Рӯзнома минбаъд низ унвони худро ба «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шуравӣ» ва «Ҷумҳурият» табдил намуд, вале нигориши таърихи муқаддаси Тоҷикистони азиз ҳақиқат ва шиори доимии он боқӣ монда, ҳамчун мактабу адабгоҳи ҳазорон фарзандони покизасиришти кишвар фаъолияти худро идома бахшид.
Имрӯз «Ҷумҳурият» минбари Президент, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мардуми тоҷик мебошад. Саҳмаш дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистқлол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.
Мо дар ин роҳ ба нашрияи муътабар устуворӣ ва эътибори бештар хоҳонем. 
100-солагии «Ҷумҳурият» ба тамоми миллат хуҷаста бод!

Низом ҚОСИМ,
раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 
Шоири халқии  Тоҷикистон

Санаи нашр: 15.03.2025 №: 56
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив