“ҶУМҲУРИЯТ” МУБАЛЛИҒИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО
Гурӯҳи босалоҳияти хомакашони рӯзномаро дар симои сармуҳаррири он Қурбоналӣ Раҳмонзода ба муносибати 100-умин солгарди таъсисёбии Нашрияи расмии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз номи аҳли қалами рӯзномаи “Овози тоҷик” табрику таҳният менамоем!
Бояд гуфт, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои байни ду мамлакати ҳамҷавор ба марҳалаи сифатан нав, аз шарикии стратегӣ ба сатҳи ҳампаймонӣ расид. Миёни кишварҳо Эъломияи таҳкими дӯстии абадӣ ва иттифоқии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд.
Боиси эътироф аст, ки дар ин самт рӯзномаи маҳбуб ва маъруфи “Ҷумҳурият” пешқадаму ташаббускор мебошад. Инак, ба чопи нахустин шумораи рӯзнома 100 сол пур мешавад. Метавон гуфт, ки “Ҷумҳурият” тули як аср дар ҷомеа ҷойгоҳи худро дарёфта, имрӯз дар радифи нашрияҳои бонуфузи Тоҷикистон қарор дорад. Обрӯ, мақом ва мавқеи он дар ҳоли ҳамбастагии мустаҳкам бо ҳаёти мамлакату халқ, таҳкими робитаҳо бо кишварҳои ҷаҳон, роҳандозии иқдомҳои нек ва озмунҳои гуногун сол то сол меафзояд.
Як самти асосии фаъолияти рӯзнома таблиғу ташвиқи ғояҳои дӯстии байни миллатҳо, фарохдилӣ, рафоқат ва ҳамбастагӣ мебошад, ки инро метавон аз чопи мақолаҳо дар мавзуъҳои дӯстӣ, робитаҳои байналмилалӣ, роҳандозии озмунҳои гуногун ва таъмин кардани иштироки намояндагони мамлакатҳои ҷаҳон дар онҳо, инчунин, ба роҳ мондани фаъолияти хабарнигорони рӯзнома дар дигар давлатҳо, аз ҷумла дар Ӯзбекистон, мушоҳида кард.
Бояд таъкид намуд, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар даҳ соли охир бо гузарондани озмунҳо дар матбуоти тоҷик саҳифаи наверо боз кард. Боиси эътироф аст, ки дар ин озмунҳо на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз дигар кишварҳо низ намояндагон иштирок мекунанду соҳибҷоиза мешаванд. Ҳузури се нафар корманди “Овози тоҷик” дар радифи ғолибони ин озмунҳо низ боиси ифтихору сарбаландии мост ва аз вусъати ҳамкориҳои байни рӯзномаҳо, густариши робитаҳои эҷодӣ далолат медиҳад.
Дар сад соли пуршарафи сипаришуда фарзандони обрӯманди тоҷик дар равнақи «Ҷумҳурият» фаъолона саҳм гузоштанду мегузоранд ва дар ин даргоҳи муборак насли даҳҳо журналистону эҷодкорон ба камол расиданд.
Итминони комил дорем, ки аҳли қалами «Ҷумҳурият» минбаъд низ дар иҷрои ҳадафҳои муҳими давлатдорӣ, дар роҳи тарғибу ташвиқи амалҳои нек, тараннуми дӯстӣ саҳми босазо гузошта, рисолати касбии хешро сарбаландона адо менамоянд.
Шерпӯлод ВАКИЛОВ,
сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик”, Ҷумҳурии Ӯзбекистон