АЗ “ТОҶИКИСТОНИ ШУРАВӢ” ТО “ҶУМҲУРИЯТ” Ё НАҚШИ РӮЗНОМА ДАР БЕДОРИИ ФИКРӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ (1991-2025)
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар зарфи умри садсолаи худ рисолати бунёдиеро анҷом дода, ки таърихи миллати тоҷик назирашро дар ёд надорад. Ҳамон тавре ки далоили мавҷуда дар иртибот ба таърихи рӯзнома нишон медиҳанд, ин минбари худшиносии миллӣ ҳамеша дар бедории фикрӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, худогоҳӣ ва камолоти маънавии ҷомеа нақши созгор гузошта, чунин рисолати таърихӣ ва пуршараф дар замони истиқлоли давлатӣ боз ҳам тақвият ёфт.
Аз «Тоҷикистони шуравӣ» ба «Ҷумҳурият» табдили ном кардани рӯзнома замоне иттифоқ уфтод, ки низоми сиёсӣ дар паҳнои шуравӣ тағйир ёфт. Вобаста ба тағйири вазъ, 19-уми сентябри соли 1991 исми «Тоҷикистони шуравӣ» барои ҳамеша ба хазинаи таърих супурда шуд ва инак беш аз 34 сол боз рӯзнома бо номи «Ҷумҳурият» арзи ҳастӣ мекунад.
Агар ба бастаҳои рӯзнома аз оғози нашр то имрӯз мурур кунем, ин ҳақиқат пеши назари мо ҳувайдо мешавад, ки «Ҷумҳурият» дар замони истиқлоли давлатӣ ҳаракати худро дар масири рӯшантаре идома дода, дар бедории миллӣ, таҳкими неъматҳои истиқлолу озодии Ватан, тарғиби арзишҳои бебаҳои сулҳу ваҳдат, эҳё ва шаклгирии низоми муосири давлатдории миллӣ ҳамчун дастгоҳи пурқудрати идеологӣ нақши мунир гузоштааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баробари тағйири ном кардани рӯзнома дар соли 1991 дар муҳтавои матолиби рӯзнома ҳам дигаргунии сифатӣ ба амал омадааст. Ҳарчанд то соли 1992 муассиси рӯзнома Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон боқӣ монда, шиораш “Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!» буд, дар саҳифаҳои рӯзнома аз бедорӣ ва боло гирифтани ҳувияти миллӣ нишонаҳое ба чашм мехӯрданд. Чунончи, соли 1991 матлабҳо бештар дар бораи бедории миллӣ, истиқлолу худшиносӣ ва ҳодисаву воқеоти муҳими мамлакат нашр мегардид. Дар баробари бозтоби вазъи дохилӣ, пайваста перомуни воқеоти муҳими ҷаҳон низ хабару гузоришҳо нашр мешуданд. Жанрҳои хабару гузориш ва мақола бештар мавриди истифода қарор доштанд.
Ҳайати эҷодии рӯзнома соли 1992 гӯшаву саҳифаҳои адабию фароғатиеро низ фаъол карда буданд, ки гоҳо диққати мардумро аз масоили сиёсиву низомӣ мунҳариф сохта, ба олами маонӣ ва ҳаҷву ханда мебурданд. Масалан, саҳифаи махсуси «Корвон» қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар он матлабҳои донишҷӯён, латифаҳо, ҳаҷвияҳо нашр мешуданд.
Соли 1993 Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии “Ҷумҳурият” муассисони рӯзнома буданд. Дар авҷи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯзнома наметавонист нисбат ба вазъ бетараф бошад ва бештар дар ҳамин маврид мавод нашр мешуд. Баргардондани гурезаҳо аз хоки Афғонистон мавзуи муҳим дар ҳар шумораи рӯзнома ба шумор мерафт. Фаъолияти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба таври густурда ва фарогир инъикос мешуд. Баъзе матолиби журналистони хориҷӣ оид ба Тоҷикистону гурезагон, ки дорои аҳамияти вижа буданд, тарҷума ва дар саҳифаҳои рӯзнома нашр гардиданд.
Соли 1994 нашри рубрикаву гӯшаҳо камтар ба назар расида, бозтоби ҳолу ҳавои кишвар дар давраи ҷанг ва баргардондани гурезаҳо масъалаи асосӣ ба шумор мерафт. Соли 1995, дар соли ҷашни 70-солагии рӯзнома, «Ҷумҳурият» ҳамагӣ 24 шумора аз чоп баромад. Ҳарчанд новобаста аз вазъи ҷумҳурӣ 70-солагии «Ҷумҳурият» таҷлил гардид, вале дар таърихи ҳастии рӯзнома, бахусус даврони истиқлоли давлатӣ, соли 1995 камрангтарини даврони фаъолияти рӯзнома ба шумор меравад.
Хушбахтона, ин вазъият дер давом накард ва соли 1996 рӯзнома дубора зина ба зина эҳё шуд. Рубрикаҳо зиёд гардиданд. Дар гӯшаҳо ҳам сари вақт хабарҳои тозаро ҷой медоданд. Чунин гардиш ба нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани «Ҷумҳурият» вобаста буд, яъне муассиси рӯзнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Рӯзнома таҳти шиори «Ваҳдат ва якдилии халқ бақои миллату давлати мост” ишора ба дурнамои ҳадафҳои олии муассис ва худи рӯзномаро дошт.
Истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз соли 1997 вориди як марҳалаи нав ва томи таърихӣ кард, ба кори эҷодии ҳайати «Ҷумҳурият» таъсири мусбат гузошт. Дигар сухан аз корномаҳои пурарзиши меъмори сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оғози зиндагии рангину пурнишот буд. Ҳарфи ҷангу нооромиҳо аз саҳифаҳои рӯзнома канор рафта, инак 28 сол боз сухани «Ҷумҳурият» аз рӯи сурхи миллат, шоҳкориҳои Пешвои миллат, сулҳу субот, зиндагии босаодати халқ аст.
Дар робита ба ин, як масъала ҳамеша боиси ифтихори мост, ки мактаби бунёдӣ ва мавқеи ватандӯстонаи рӯзнома дар замони нооромиҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нагузошт, ки ҳеҷ як корманди он зери чатри гурӯҳҳои фармонравои силоҳбадаст ва тимҳои манфиатхоҳ рафта, алайҳи манофеи миллӣ, сохти конститутсионӣ ва ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол қалам тез кунанд. Балки бо пуштибонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Роҳбари ормонии халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мафкураи аҳли ҷомеаро аз тангнои торикӣ ба ҷониби рӯшноӣ самт мебахшиданд.
Гузашта аз ин, дар замони фарогир набудани мавҷи телевизиону радиои ватанӣ «Ҷумҳурият» ҳамчун нашрияи расмӣ аввалин шуда ҳарфи сулҳро ба гӯшаҳои дурдасти мамлакат мебурд ва ҳадафҳои оливу давлатсозии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мардум мерасонд. Чун минбари боварибахш халқро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ дар атрофи сиёсати ояндасози Сарвари давлат даъват мекард.
Қобили зикри хос аст, ки 14-уми марти соли 2000-ум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» мақоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт ва аз соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисони «Ҷумҳурият» мебошанд.
Ба ин тартиб, соли 2001 барои «Ҷумҳурият» соли махсусе буд, ки аз он ба баъд чанд давраи ташаккулу инкишофро таҷриба кард. Аз ҷумла, то соли 2005 барои рӯзнома давраи эҳёи зербинои молиявӣ ва таҳкими иқтидори эҷодӣ буд.
Марҳалаи баъдиро, ки шартан ба як давраи даҳсола (2006-2015) тақсимбандӣ мекунем, оғози марҳалаи нави рӯ овардан ба худшиносии миллӣ дар ростои авҷ гирифтани муборизаҳои идеологӣ буд. Мактаби эҷодии рӯзнома дар ин давра тақвият ёфт ва хабарнигорони рӯзнома, дар баробари бозтоби воқеоти рӯз, ба таҳияи матолиби бунёдиву таъсиргузор ба фазои солими ҷомеа камар бастанд.
Дар ин даҳсола матолиби ҷолибу баҳсбарангез дар гӯшаҳои хос ва зери рубрикаҳои алоҳидаи ҷолиб манзури хонанда мегардиданд.
Теъдоди нашр ҳам пайваста зиёд гардида, соли 2015-ум 34020 нусхаро ташкил медод. Дар ин давра рӯзнома ҳамчун субъекти фаъоли ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ дар мафкурасозӣ нақши назаррас гузошта, хабарнигорон бо истифода аз имконоти фаровони он тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳиро дар сатҳи бисёр матлуб ба роҳ монда буданд.
Мактаби бунёдии «Ҷумҳурият» дар ин давра тақвият ёфт: таҳия ва навиштани матолиб дар доираи талаботи тахассусӣ ба роҳ монда мешуд ва нисбат ба кадрҳо як навъ муносибати сахтгирона амал мекард, ки, албатта, ба суди идора ва хонандаи рӯзнома буд. Аз ҳамон давра то имрӯз «Ҷумҳурият» ҳамчун рӯзномаи миллӣ ва ормонгарои пешоҳанг дар тарғиби сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ фаъолтар гардида, дар ростои муборизаҳои идеологӣ аз мавқеи ватандӯстонаи худ дифоъ мекунад.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», дар даҳ соли охири фаъолияти худ рӯ ба таҳаввулот ва навгониҳои бесобиқа овард. Аз ҷониби роҳбарияти рӯзнома имконоти васеи он ҳамчун субъекти фаъоли ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ дар мафкурасозӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ самаранок истифода шуд.
Яке аз вижагиҳои хос ва навоварие, ки зарфи даҳсолаи охир дар фаъолияти рӯзнома падид омад, таъсиси саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии «Шоми шанбе» мебошад, ки мавриди истиқболи гарми хонанда қарор гирифт. Ғолибан, матолиби кӯтоҳу ҷолиби ҳамин саҳифа шумораи хонандагонро дар дохилу хориҷ бамаротиб афзуд. Маводи он, ки тавассути саҳифаҳои рӯзнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, аз сӯи дигар расонаҳо ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар бознашр ва мавриди истифода қарор мегиранд.
Дарвоқеъ, ин саҳифа на танҳо мақбули хонандаи «Ҷумҳурият», балки мавриди таваҷҷуҳи пажӯҳишгарони соҳа қарор гирифта, ба он баҳои баланд дода мешавад. Чунончи, профессор Мурод Муродӣ вобаста ба ин дар матлабе чунин нигошта: «Таъсиси саҳифаи «Шоми шанбе»-ро метавон аз вижагӣ ва бартарияти дигари рӯзномаи «Ҷумҳурият» донист, ки дар самти бедории фикрии хонандагон нақши муҳим гузошта метавонад. Таъсиси чунин саҳифа дар матбуоти даврии тоҷик падидаи нав набошад ҳам, мундариҷа, шакл, таносуб ва ороиши матолиби он як навъ шеваи тоза аст. Матолиби ин саҳифа на танҳо инъикоскунандаи лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти дохилӣ, балки рӯйдодҳои дорои аҳамияти башариро низ фаро мегиранд. Дар маркази чунин матолиб мақоми инсон меистад, на халқияту миллати алоҳида. Инсоне, ки қобилияти фавқулода дорад, эҷодкору ихтироъкори беназир аст, кор ва маҳсули заҳматҳояш ба дигарон нафъ меорад».
Ин ва дигар иқдомҳои навоваронаи эҷодӣ буд, ки теъдоди нашри рӯзнома аз 34020 нусха дар соли 2015-ум то имрӯз ба беш аз 50 000 нусха расидааст. Дар баробари ин, теъдоди обуначиён ва муштариёни рӯзнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам пайваста дар ҳоли афзоиш аст.
Дар замони феълӣ, ки ҷаҳонро вазъи пуртӯфоне фаро гирифта, таҳдидҳои замони муосир сол ба сол авҷ мегиранд, «Ҷумҳурият» дар ҳифзи мавқеи ватандӯстона ва пиёдасозии ҳадафҳои бунёдии худ ҳамчун мубаллиғи ростини арзишҳои миллӣ устуворӣ нишон медиҳад. Нақш ва мақоми мафкурасози хешро дарк намуда, бо матолиби пурарзиш ҷомеаро ба самти худшиносӣ, огоҳии сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, сулҳу ваҳдати миллӣ тарғиб менамояд. Зеро дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо, рақобати қудратҳо, муборизаҳои идеологӣ ва тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои радикалӣ, ки метавонанд суботи ҷомеаро халалдор созанд, чунин амр тақозо мешавад.
Таҷриба собит менамояд, ки ҷомеаҳои арзишмеҳвар ва огоҳ аз равандҳои таърихиву сиёсӣ дар баробари таҳдиду хатарҳо осебпазир нахоҳанд буд. Бо дарки ин маънӣ ва ба манзури таҳкими худшиносии миллӣ, «Ҷумҳурият» дар фурсатҳои муносиб бо диди ҳақиқат ба таъриху фарҳанг, таблиғи арзишу суннатҳои миллати куҳанбунёди тоҷик, арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагори арбобони давлативу ходимони илмӣ рӯй меоварад.
Рӯзнома, дар доираи иҷрои рисолати пурарзиши худ, солҳои охир бо ташкили озмунҳои фарогир як навъ усули нави худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатиро ба роҳ монд. Дар ин озмунҳо хидматҳои бедареғу мондагори қаҳрамонони Тоҷикистон ба таври васеъю бесобиқа бозтоб шуда, ҳамзамон, дастовардҳои беназири замони истиқлоли давлатӣ ва аҳамияти он ба наслҳои имрӯзу оянда шарҳу тафсир шудаанд.
Ахиран, доираи иштирокчиёни озмунҳои “Ҷумҳурият” бо шумули муҳаққиқону рӯзномагирони хориҷӣ васеъ гардида, аз нигоҳи олимону донишмандони тоҷик чунин иқдоми навоварона як навъ инқилоби маданиву маърифатӣ дар матбуоти тоҷик рақам зада шуд. Гузашта аз ин, озмунҳои рӯзнома хусусияти баланди идеологӣ касб намуда, нақши мафкурасозӣ дар шинохти ҳувияти миллӣ, неъматҳои истиқлоли давлатӣ ва тарбиявиро иҷро кардаанд.
Дар ин давра “Ҷумҳурият” аз нахустин расонаи чопӣ буд, ки иштироки фаъолонаи худро дар фазои интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъмин сохт. Дар пайи иқдоми дурбинонаи роҳбарияти рӯзнома панҷ сол қабл вобаста ба талаботи замон Ютубканали рӯзнома дар шабакаи ҷаҳонии интернет боз гардид. Ҳоло тавассути ин канал барномаҳои дорои хусусияти ахлоқию маънавӣ, илмию маърифатӣ таҳия ва пешниҳод мегарданд. Қабл аз ин, саҳифаи “Ҷумҳурият” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук фаъол гардида, то ҳол маводи рӯзнома тавассути он ба доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.
Намешавад ин ҳақиқатро сарфи назар намуд, ки феълан беш аз ҳар таҳдиди дигар ҷангҳои шуруъшудаи иттилоотӣ метавонанд пайомадҳои харобиовар дошта бошанд. Дар чунин вазъ, барои рақобатпазирӣ дар фазои иттилоотӣ ниёз ба кадрҳои ҳирфавии рӯзномагорӣ ё ВАО-и ватанӣ бештар мегардад. Аз ин хотир, роҳбарияти рӯзнома чанд соли охир, дар баробари баланд бардоштани нуфузи рӯзнома ва таъсиргузор будани он дар фазои иттилоотӣ, ба тавсеа бахшидани иқтидори мактаби эҷодиву рӯзноманигории “Ҷумҳурият” низ иқдомотеро амалӣ месозанд, ки асли он ба тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа гиреҳ мехӯрад.
Ин мактаби бунёдӣ хабарнигори рӯзномаро бо донишҳои зарурӣ мусаллаҳ намуда, муҳимтар аз ҳама дар вуҷудашон тухми садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба халқро кошта, дар руҳияи ватандӯстӣ ба камол мерасонад. Корманди «Ҷумҳурият» дар муҳите тарбия меёбад, ки сабақомӯзу дорои таҷрибаи пурғановат аст. Натиҷаи талошҳо дар ин самт буд, ки ҳоло беш аз 50 дарсади кормандони рӯзномаро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо аз ғамхориҳои хос бархӯрдоранд.
“Ҷумҳурият” ба ҳайси рӯзномаи ормонгаро минбаъд низ тарғиби сиёсати созандаи давлату Ҳукуматро дар авлавияти фаъолияти худ қарор дода, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, зиракии сиёсии мардум, шинохти саҳеҳи арзишҳои давлатдорӣ, сулҳу амнияти комил майдондорӣ хоҳад кард. Зеро ба назари мо, чунин рӯйкарди ватанхоҳона шарти пирӯзӣ дар муборизаҳои идеологӣ ва эмин будани ҷомеа аз таҳдидҳои ҷаҳони муосир аст.
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
“Ҷумҳурият”