ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИФТИХОРНОМА

ИФТИХОРНОМА

15 март 2025, Шанбе
2
0


Ман бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз он рӯз пайванд ҳастам, ки ақли худро шинохтам. Падару модарам муаллиманд ва ба тамоми матбуоти давр, аз ҷумла «Ҷумҳурият», обуна мешуданд, аз ин рӯ, ман аз кӯдакӣ хонандаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳастам. Он замон “Тоҷикистони советӣ” ном дошт. Аз хурдӣ орзу доштам, ки дар ҳамин рӯзнома кор кунам. Ин яке аз орзуҳои амалинашудаи ман аст, аммо маҳз хонандаи ҳамин рӯзнома ва дигар рӯзномаҳо будан саҳми худро ба шоиру суханшинос ва сиёсатшинос шудани ман гузоштааст. 

Аз он солҳо, ки бори аввал ин рӯзномаро ба даст гирифта будам, то имрӯз шояд шуморае набошад, ки нахонда бошам. Ин рӯзнома пайвандагари Ҳукумат ва халқ аст. Тамоми навигариҳои сиёсӣ-адабӣ ва фарҳангиро ба мардум сари вақт мерасонад. Ман хушбахт аз онам, ки дар ин рӯзнома гоҳ-гоҳ навиштаҳоям нашр мешаванд ва бо аҳли эҷоди иттифоқу маданӣ ва донишманди ин рӯзнома шинос ҳастам. Ду маротиба ғолиби озмуни ҷумҳуриявии ин рӯзномаи бонуфуз шуданам бароям ифтихори ҳамеша аст. Бояд гӯям, ки дар сарнавишти ҳунарии ман рӯзномаи “Ҷумҳурият” мавқеи тақдирсоз дорад. Умуман, ин рӯзномаи аввали кишвар дар байни мардум мақоми хос дошта, хидмати дурахшону ҷовидона низ барои давлат ва миллату Ватан кардааст. 
Адиба ХУҶАНДӢ

Санаи нашр: 15.03.2025 №: 56
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив