АЗ «ҶУМҲУРИЯТ» ЧӢ ДИДӢ?
Агар журналисти ҷавоне бо ман мусоҳиба мекарду дар рафти суҳбат ин суолро мепурсид, ҳатман ҷавоб медодам, ки тамоми дору надори ман аз ин даргоҳ ба даст омадааст. Дар ин даргоҳ корро пас аз хатми мактаби миёна ба сифати як корманди одӣ сар карда, то вазифаи мудири шуъбаи кадрҳо сабзидам. Дар ҳамин ҷо соҳиби маълумот, обрӯ ва эҳтиром гаштам.
Соли 1981 маро муҳаррири вақти рӯзнома, инсони хеле хоксору меҳрубон Нур Табаров ба кор қабул намуданд. Муддати 41 сол бо сармуҳаррирон ва шахсиятҳои беҳтарину мутахассисони кордони ҷумҳурии азизамон фаъолият намудаам. Ҳоло ба роҳи тайкардаи худ менигараму ифтихор аз он дорам, ки дар чунин коргоҳу бо чунин инсонҳои шариф кор кардаам.
Расми одамиятро ҳам ҳамин ҷо омӯхтам. Ҳар кадоме аз сарварони идора дар тақдири банда нақши хосе дорад: аз Нур Табаров дақиқкорӣ, аз Мазҳабшо Муҳаббатшоев хоксорӣ, аз Шоҳмузаффар Ёдгорӣ инсондӯстӣ, аз Субҳон Кошонов ҳамдигарфаҳамӣ, аз Камол Абдураҳимов дӯстиву рафоқат ва ростқавлӣ, аз Муҳаммад Ғоиб масъулиятшиносӣ ва аз Қурбоналӣ Раҳмонзода ҳамбастагиро омӯхтаам.
Ҳоло шукр аз он мекунам, ки бо сари баланд аз ин остонаи баланд ба нафақа баромада, зиндагии осуда дорам. Ҳамчунин, аз он меболам, ки бо ин шоҳини баландпарвоз ҳамбол будаам.
Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА, корманди рӯзнома дар солҳои 1981-2022
Санаи нашр: 15.03.2025 №: 56