МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НУРЛАН ЕРМЕКБАЕВ
14-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаевро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари Созмон давоми бисту чор сол ва ҳамкории кишварҳои аъзо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз раванди навсозии ҳамаҷонибаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки бо қарори сарварони давлатҳои аъзо оғоз ёфтааст, фаъолона дастгирӣ менамояд. Ба рушди ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, молия ва бонкӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Масъалаҳои таъмини амну субот, мубориза бо терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо ба минтақа аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Ҳамчунин, оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2030 ва аҳамияту афзалияти ташкили Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе табодули афкор сурат гирифт.