ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

17 март 2025, Душанбе
9
0

 
16-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Москва шуданд.
Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Хуснуллин ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ пазируфтанд.
Барои истиқболи шоиста майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, ротаи қаровули фахрии гарнизони ҳарбии Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд.
Баъди гузориши фармондеҳи ротаи қаровули фахрӣ ба меҳмони олиқадр, сурудҳои миллии ду давлат садо доданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузаштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди ротаи фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Федератсияи Россия ва гузашти тантанавии қаровули фахрӣ аз назди меҳмони олимақом ба поён расид.
Мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бо имзои як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ, изҳороти матбуотӣ ва дигар чорабиниҳо 17-уми март дар Қасри Кремл баргузор хоҳад шуд.

Санаи нашр: 17.03.2025 №: 57
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив