ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. ВАҚТЕ САРВАР БА МОДАР АРҶ МЕГУЗОРАД...

ТОҶИКИСТОН. ВАҚТЕ САРВАР БА МОДАР АРҶ МЕГУЗОРАД...

17 март 2025, Душанбе
7
0


Зан ойинаи поку беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар ҷомеа аст. Ин вижагиҳои ҳаётбахши зан-модар аст, ки ӯро офарандаи зиндагӣ намудааст. Қадр кардани зан қадр кардани тамоми аъзои ҷомеа мебошад. Ин аст ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат нисбат ба баланд гардидани мақом ва нақши занон дар ҷомеа.
Ҳаллу фасли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии занону духтарон ва боло бурдани сатҳи донишу маърифати онҳо ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Метавон гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нисбат ба занону бонувон таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол Созишнома оид ба барҳам додани ҳама гуна намудҳои маҳдудияти ҳуқуқи занонро ҳанӯз 27-уми декабри соли 1993 имзо карда буд. Инчунин, ба имзо расидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» яке аз қадамҳои муҳимтарин дар самти ташаккули сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон буд, ки ба нақши бонувон дар ҷомеа ва рушди минбаъдаи онҳо замина гузошт. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар 26-уми апрели соли 1997 таъкид намуданд: «Вақташ расидааст, ки шумораи занҳои ихтисосманд, аз қабили агроном, муҳандис, духтур, муаллим, иқтисодчӣ ва ғайра дар деҳоти ҷумҳурӣ сол то сол зиёд гардад. Ҳангоми қабул ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус бо дарназардошти талаботи замон ва тавсияи ҳукуматҳои маҳаллӣ барои тайёр намудани кадрҳо аз миёни духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бояд ҷойҳои қабули ғайриконкурсӣ ҷудо карда шаванд».
Давлат ва Ҳукумати мамлакат соли таҳсили 1997-1998 барои довталабон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ квотаи махсус ҷорӣ намуд. Дар асоси он ҳар сол духтарони деҳоти дурдаст тибқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул мешаванд. Аз соли таҳсили 2005-2006 қабули писарони болаёқати деҳоти дурдасти кишвар низ тариқи квота ба роҳ монда шуд. 
Сарвари давлат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2024 ёдовар шуданд: «Аз оғози ҷорӣ гардидани Квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир, 11 ҳазору 600 нафар духтар муассисаҳои таҳсилоти олиро бо Квотаи президентӣ хатм кард. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд».  
Аз баракати соҳибистиқлолӣ аст, ки тибқи таъкидҳои Пешвои муаззами миллат «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд».
Албатта, ин факту рақамҳо гувоҳ бар таваҷҷуҳи махсуси Пешвои миллат нисбат ба қадр ва манзалати занону бонувони мамлакат аст. Маҳз таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат нисбат ба занон аст, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёт саҳми арзандаи занону бонувон ба назар мерасад. Пешвои миллат нақши занону бонувонро дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург медонанд.
Ҳамин қадршиносию эҳтиром кардани зан-модар аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати дурнамои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ барои таъмини ҳифзи ҳуқуқи занон ва таҳкими нақши онҳо дар ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии занон, рушди оила ҳамчун ниҳоди муҳим таъсис ва такмил дода шуд ва шароите ба вуҷуд овард, ки зан-модари тоҷик эҳтироми воқеии худро пайдо кард ва дар пешбурди ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишвар нақши боризи худро гузошта истодааст.      
Одинашоҳ ВАЛИЗОДА, 
сардори шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавии Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи нашр: 17.03.2025 №: 57
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив