“ҶУМҲУРИЯТ” ВА ЖУРНАЛИСТИКАИ РАҚАМӢ
Ин амр собит аст, ки матбуот ҳамчун ойинаи ҷомеа дар инъикоси воқеият, рушди маърифати шаҳрвандон нақши бориз дорад ва яке аз муҳимтарин василаҳои ташаккули афкори ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Матбуоти тоҷик, ки яке аз бахшҳои муҳими фарҳанг ва таърихи миллат аст, ба таъсиси аввалин нашрияҳо алоқаманд мебошад, ки дар саргаҳи он Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” қарор дорад. Ҳамон тавре хонандаи ҳушманди мо огоҳ аст, ин рӯзномаи муътабар 15-уми марти соли 1925 таҳти унвони «Иди тоҷик» рӯи чоп омада, ҳоло бо номи «Ҷумҳурият» садрнишини ҳавзаи матбуоти тоҷик аст.
Таҳқиқи таърихи матбуоти тоҷик нишон медиҳад, ки «Ҷумҳурият» аввалин рӯзномаи мафкурасоз ва нахустин рӯзномаи миллӣ ба шумор меравад. Он на танҳо ҳамчун минбари сиёсӣ ва иҷтимоӣ, балки ҳамчун мактаби рӯзноманигорӣ низ хизмат карда, зарфи мавҷудияти худ дар рушди матбуоти миллӣ саҳми назаррас гузоштааст. Рӯзномаи бонуфуз ба мактаби бунёдие асос гузошт, ки дар оғӯши он садҳо рӯзноманигорони касбӣ ба камол расидаанд.
«Ҷумҳурият» ҳамчун манбаи боэътимоди ахбори расмӣ дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеа низ саҳм гузошта, бо баррасии масъалаҳои муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ ба ташаккули афкори ҷамъиятӣ таъсири мусбат мегузорад. Ҳимояи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ: тарғиби забон, таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллии тоҷиконро дар меҳвари кори хеш қарор медиҳад.
Пайдост, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи муосир журналистикаи рақамӣ хонанда ва аудиторияи бештарро ба сӯи худ мекашад. Бо дарки ин воқеияти замонӣ, ҳанӯз соли 2008 «Ҷумҳурият» ба фазои рақамӣ ворид гардид ва сомонаи расмии худро таъсис дод. Баъдан, бо кӯшиши роҳбарият, “Ҷумҳурият” аввалин шуда Ютубканали худ ва дигар саҳифаҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол кард.
Феълан, рӯзномаи «Ҷумҳурият» талош дорад, фаъолияташро дар фазои рақамӣ ва васоити ахбори оммаи муосир густариш диҳад. Бо таҳлили равандҳои ҷомеа ва пешниҳоди иттилооти саҳеҳ ва саривақтӣ ба мардум, ҳамчун нашрияи пешқадам, дар рушди журналистикаи касбӣ – тарбияи рӯзноманигорони соҳибтаҷриба ва навоварӣ дар соҳаи матбуот, инкишофи забони матбуот саҳми шоиста гузорад.
Ҳоло бо итминон метавон гуфт, ки Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо далелҳои зерин ба рушди матбуоти тоҷик мусоидат кардааст:
– мактаби рӯзноманигорӣ: дар рӯзнома шахсиятҳои маъруфи матбуоти тоҷик, аз ҷумла нависандагон ва муҳаққиқони соҳа, фаъолият намуда, барои рушди журналистикаи миллӣ саҳм гузоштаанд;
– инкишофи забони матбуот: дар рушди забони адабӣ ва корбурди истилоҳоти журналистикаи тоҷик нақши намоён дорад, забони рӯзнома ҳамчун забони меъёр шинохта ва эътироф шудааст;
– паҳн намудани ахбори боэътимод: тавассути таҳлилҳои амиқ ва иттилооти дақиқ ба ташаккули афкори ҷомеа ҳиссаи хешро гузоштааст.
– навоварӣ ва мутобиқшавӣ ба замони муосир: рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо ин равандҳо мутобиқ шуда, навоварӣ ва инноватсияҳоро дар фаъолияти худ ба кор гирифтааст.
Воқеан, имрӯз журналистикаи рақамӣ ба яке аз самтҳои муҳим ва таъсиргузор дар соҳаи хабарнигории ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Гузариши рӯзномаҳо ба формати рақамӣ, аввалин қадам дар самти мутобиқшавии онҳо ба талаботи замони муосир мебошад. Рӯзномаи “Ҷумҳурият”, бо таъсиси вебсайти расмии худ, шароит муҳайё кард, ки хонандагон дар ҳар ҷо ва дар ҳар замон ба хабарҳо, мақолаҳо ва таҳлилҳои саҳифаи рӯзнома дастрасӣ пайдо кунанд. Ин раванд на танҳо ба афзудани шумораи хонандагон, балки барои беҳтар кардани сифати хабарҳо ва таҳлилҳо низ бетаъсир набуд.
Журналистикаи рақамӣ имкон медиҳад, ки мавод на танҳо хаттӣ, балки визуалӣ ва интерактивӣ бошад. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ин самт низ кӯшиш мекунад, ки бо истифода аз барномаҳои видеоӣ, видеороликҳо, инфографикаҳо ва подкастҳо, хонандагонро бештар ҷалб намояд. Ин навъ навоварӣ дар пешниҳоди мавод хонандагонро водор мекунад, ки бештар бо муҳтавои рӯзнома шинос шаванд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯзҳо воситаи муҳим барои расондани хабарҳо ва ҷалби хонандагон ба ҳисоб меравад. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо истифодаи платформаҳои гуногуни иҷтимоӣ, чун Facebook, Instagram ва Twitter, имконияти муошират бо хонандагонро фароҳам оварда, фикру мулоҳизаҳои онҳоро дар бораи маводи интишоршуда қабул мекунад.
Бешак, мутобиқшавӣ ба талаботи хонандагон ва бозори хабарӣ, яке аз вазифаҳои муҳими рӯзномаҳои муосир мебошад. Дар ин робита, “Ҷумҳурият” бо таҳлили маълумот ва баррасии хостаҳои хонандагон кӯшиш дорад, ки маводи худро ба ниёзи онҳо мувофиқ созад. Ин равиш на танҳо ба беҳтар шудани сифати хабарҳо, балки ба афзоиши эътимод ва маъруфияти рӯзнома мусоидат намудааст.
Айни ҳол “Ҷумҳурият” бо имконоти фарогири худ қодир аст, ки бо истифодаи технологияи муосир ва ташаббусҳои навоварона ҳамчун намунаи хуби мутобиқшавӣ ва пешравӣ дар соҳаи журналистикаи рақамӣ хизмат кунад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.03.2025 №: 57