САФАРИ РАСМИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
(Идомаи гузориши расмӣ)
ГУЗОШТАНИ ГУЛЧАНБАР ДАР ОРОМГОҲИ САРБОЗИ НОМАЪЛУМ
17-уми март сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия бо гузоштани гулчанбар бар пояи оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз гардид.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар боғи Александр қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буданд.
Коменданти ҳарбии Москва оид ба саф кашидан ва омодагии горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониён ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди «гулхани абадӣ» гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамонони Федератсияи Россияро пос доштанд. Сипас, баъд аз садоҳои бонг ва дақиқаи хомӯшӣ, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Баъд аз анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ, бо қадамзании мутантан аз назди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокдорони маросим қаровули фахрӣ гузашти низомӣ анҷом дод.
Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Россия ҳамроҳӣ намуданд.
МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ
17-уми март баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Россия дар мулоқоти хосаи сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар вохӯрии васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ ба таври муфассал муҳокима гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди хуби муколамаи сиёсӣ дар ҳамаи сатҳҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Рушди босуръати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар солҳои охир таъкид гардид. Аз ҷумла, масоили густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ шуд. Ба масъалаҳои рушди робитаҳои гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир гашт.
Гуфта шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 71 муассисаи таълимӣ ба забони русӣ, аз ҷумла онҳое, ки соли 2022 аз ҷониби сарварони давлатҳо ифтитоҳ ёфта буданд, ҳамчунин 190 мактаби омехта фаъолият доранд. Дар зимн, ҳамкорӣ дар таъмини ин муассисаҳои таълимӣ бо китобу маводи таълимӣ ва адабиёт ба забони русӣ аз масъалаҳои матраҳ боқӣ мемонад.
Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон се филиали муассисаҳои бонуфузи олии таълимии Россия фаъолият дошта, зиёда аз 28 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳои Россия таълим мегиранд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки моҳи июни ҳамин сол дар Федератсияи Россия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки ҳар ду кишвар барои мукаммалсозии ҳамкории байниминтақавӣ, аз ҷумла баргузории як қатор чорабиниҳои гуногунсатҳ дар ин самт, талош хоҳанд кард.
Ба ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар баҳои баланд дода шуда, ҷонибҳо барои идомаи босамари он дар оянда изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва тақвияти ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои амниятӣ аз масъалаҳои муҳими музокирот буд.
Ҳамкории судманд дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи сарварони ду давлат қарор дошт.
МАРОСИМИ ОҒОЗИ СОХТМОНИ ДУ ИНШООТ ДАР ТОҶИКИСТОН
17-уми март дар доираи сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия дар толори Қасри Кремл ба тариқи видеоӣ маросими оғози сохтмони ду иншооти муҳими иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими оғози бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе аз маҳали сохтмони иншоот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ оид ба омодагӣ ба баргузории маросим гузориш доданд.
Бо ризояти сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин барои бунёди Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ва Маркази байналмилалии таълимӣ барои омӯзиши кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе санги асос аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони масъули ду ҷониб гузошта шуд.
Сарварони ду давлат ва дигар ҳозирон маросими гузоштани санги асоси ин ду иншооти муҳими соҳаҳои фарҳанг ва маорифро дар мониторҳои калон дар Қасри Кремл мушоҳида намуданд.
Қобили зикр аст, ки оғози сохтмони ин ду иншоот боз як нишонаи тавсеаи бомароми робитаҳои гуманитариву фарҳангии Тоҷикистону Россия мебошад.
МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ
17-уми март, пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ, дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд:
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар барқарорсозии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи истихроҷи уран ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ зарар дидаанд;
– Созишнома миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
– Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсиси Парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– Барномаи шарикии стратегӣ миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Россия дар соҳаи ҳарбӣ барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амалии он барои солҳои 2026-2028;
– Ёддошти тафоҳум миёни Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Россия, Вазорати молияи Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Россия вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;
– Созишнома миёни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Кирови Федератсияи Россия оид ба татбиқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ.
Баъди имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, оид ба натиҷаи музокироти сатҳи олӣ бо изҳорот суханронӣ намуданд.
АНҶОМИ САФАРИ РАСМӢ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
17-уми март сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия анҷом ёфт.
Маросими гусели меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Россия гарму самимӣ гусел карданд.
Майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, ротаи қаровули фахрии гарнизони ҳарбии Москва ва оркестри низомии асбобҳои нафасӣ саф оростанд.
Баъди гузориши фармондеҳи ротаи қаровули фахрӣ, ба меҳмони олиқадр дар ҳамин ҷо сурудҳои миллии ду давлат навохта шуд.
Маросими гусел бо гузаштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назди ротаи фахрӣ ва эҳтиром ба Парчами давлатии Россия ба поён расид.
Санаи нашр: 18.03.2025 №: 58
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ
Шарҳҳо (0)