ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СҲШ ВА ИА. БАҲОИ ДУ СОЗМОНИ БОНУФУЗ БА НАҚШИ ФАЪОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

СҲШ ВА ИА. БАҲОИ ДУ СОЗМОНИ БОНУФУЗ БА НАҚШИ ФАЪОЛИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

18 март 2025, Сешанбе
3
0


14-уми марти соли равон дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Нурлан Ермекбаев, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай ва Йозеф Сикела, Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ, вохӯрӣ анҷом доданд. Дар ин мулоқотҳо ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуда, ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи Стратегияи дарвозаҳои глобалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Баъд аз мулоқот бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Нурлан Ермекбаев ва Йозеф Сикела андешаҳояшонро ба хабарнигорон чунин баён доштанд:
НУРЛАН ЕРМЕКБАЕВ:
- Созмони ҳамкории Шанхай яке аз аввалинҳо шуда, аҳамияти таърихии имзои шартнома оид ба сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар таҳкими сулҳу субот ҳам дар минтақа ва ҳам дар фазои ин Созмон муҳим арзёбӣ кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай фаъолона иштирок намуда, ҳам дар сатҳи сарварони давлатҳо ва ҳам дар сатҳи вазирони соҳавӣ ташаббусҳои зиёд пешниҳод менамояд. Таъсиси Маркази махсуси мубориза бо маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе диққати махсусро тақозо менамояд. Ин марказ дар ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолият мекунад.
Хизмати муҳими Президенти Тоҷикистон дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об қобили таваҷҷуҳ буда, дар 20 соли охир доир ба ин масъала аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 10 қатънома қабул гардид.  Соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва 21-уми март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҷлил мегардад, ки самараи талошҳои хастагинопазири ин кишваранд.

ЙОЗЕФ СИКЕЛА:
- Тоҷикистон мамлакати дорои иқтидори бузурги захираҳои ғании инсонӣ ва ҷавонони соҳибмалака мебошад. Иттиҳоди Аврупо аз замони ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногун бо Тоҷикистон ҳамкории хуб дорад. Барои дастгирӣ намудани Тоҷикистон бобати рушди устувор Иттиҳоди Аврупо дар самти энергияи тоза, инфрасохтори рақамӣ ва технологияҳои “сабз” ва имконияти нав якҷоя кор мекунад. Стратегияи дарвозаҳои глобалии Иттиҳоди Аврупо барои ин имконоти хуб фароҳам меорад. Ин стратегияе аст, ки сифати баланди сармоягузориро пешбинӣ намуда, инчунин, ба дастгирии малакаи ҷавонон, рушди маориф, тандурустӣ ва сохторҳои иҷтимоӣ нигаронда шудааст. Стратегияи дарвозаҳои глобалии Иттиҳоди Аврупо стратегияи шарикии муосир бо Тоҷикистон мебошад, ки ба манфиатҳои мутақобил ва ҳадафҳои муштарак асос ёфтааст. Бо хушнудӣ ба Президенти Тоҷикистон хабар додам, ки директори иҷроияи Бонки сармоягузории Аврупо ба ҳайати мо дохил мебошад. Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар амнияти энергетикӣ ва содироти энергия саҳми босазо хоҳад гузошт. 
Лозим ба ёдоварист, ки  дар доираи сафари Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела ба Душанбе созишномаҳои молиявӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва шарикон оид ба дастгирии гузариши Тоҷикистон ба "энергияи сабз" ва занҷири маҳаллии пахта ба маблағи қариб 40 миллион евро дар шакли грант ба имзо расиданд.
Дар самти маориф низ лоиҳаҳои давомнок дар бахши таҳсили касбӣ-техникӣ амалӣ мешаванд. 

Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.03.2025 №: 58
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив