МАОРИФ. БА БОВАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ САЗОВОР БОШЕМ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ дар қатори бахшҳои иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳанг, сиёсати давлатии ҷавонону занон, рушди сайёҳӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, тақвияти ватандӯстию ватанпарастӣ , худогоҳию худшиносии миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, самаранокии бозори меҳнат ва дигар масъалаҳои ниҳоят муҳими сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ба масъалаи илм ва маориф диққати аввалиндараҷа дода, дурнамои як соли ояндаи кишварро муайян намуданд. Пешвои муаззами миллат таъкид сохтанд: “Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам, зеро маориф асоси бунёди ҷомеаи навин ва пешрафти давлату миллат маҳсуб меёбад”.
Барои тақвияти гуфтаҳои худ Пешвои миллат зикр намуданд, ки танҳо дар се соли сипаришуда дар мамлакат 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта ва ба истифода дода шудааст. Аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ба фаъолият шуруъ намудааст. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилотӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсей ва гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типпи нав фаъолият менамоянд, ки шумораи умумии хонандагонаш беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани кӯдакону наврасон дар панҷ соли оянда барои фарогирии 50% кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифита шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ дар баробари сохта шудани мактабҳои нав, дар заминаи мактабҳои мавҷуда садҳо ҷойҳои нишаст бо тамоми шароитҳо барои таҳсил муҳайё карда мешаванд.
Дар Паём баён гардид, ки бо назардошти рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъати ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисиро медонанд, меафзояд.
Масъалаи мазкур дар паёмҳои солҳои пешин низ баён гардида буд, вале дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат таъкидан иброз намуданд, ки бо истифода аз техникаю технологияи муосир, усулҳои нави омӯзиш, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, омӯзиши фанҳои номбурдаро аз зинаи таҳсилоти томактабӣ амалӣ намудан зарур аст.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлатии Тоҷикистон мақоми хоссаро дорост. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар заминаи татбиқи барномаи давлатӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Президенти кишвар оид ба ин масъала музди маоши омӯзгорон ҳамасола зиёд мешавад.
Аз ҷумла, маоши вазифавии кормандони ин соҳа дар Паёми (28.12.2023) ироашуда 40% зиёд гардида, дар Паёми навбатӣ аз якуми сентябри соли 2025-ум 30% меафзояд.
Ғамхориҳое, ки Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати омӯзгорон зоҳир менамоянд, моро вазифадор мекунанд, ки баҳри дар қалби хонандагон бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, меҳру муҳаббати самимӣ доштан ба Ватан ва онро сидқан дӯст доштан, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ гузоштан ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносию худогоҳӣ доштан тарбия намоем.
Мо – омӯзгорон вазифадор ҳастем, ки бо истифода аз метод ва усулҳои нави фаъоли таълим ва техникаю технологияи муосир хонандагонро ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳони муосир тайёр намоем. Аз ин рӯ, бояд ба он муваффақ шавем, ки ҳар як хонандаи литсей камаш ду забони хориҷӣ, хусусан забонҳои русӣ ва англисиро донанд ва озодона бо онҳо муошират намоянд.
Президенти кишвар дар ин Паём, ҳамчунин, дилпурона таъкид намуданд: “Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон эътимоди комил дорам. Хуб медонам, ки мо бо чунин мардуми ватандӯсту заҳматкаш тамоми нияту нақшаҳои некамонро дар солҳои наздиктарин амалӣ мегардонем ва Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем”.
Баҳри сазовор гардидан ба ин боварӣ ва иҷрои ниятҳои неки Роҳбари давлату нишондодҳои паёмҳо ҳамасола дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи №2 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои умумилитсейӣ таҳия гардида, вазифаҳои маъмурият, ҳар як омӯзгор, таълимгирандаву падару модарон равшан муайян карда мешаванд. Мо баҳри он мекӯшем, ки дар робита бо падару модарон нақшаи чорабиниҳои худро сарбаландона амалӣ намоем. Чунин тарзи ба роҳ мондани кор натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва медиҳанд. Ин аст, ки дар зарфи панҷ соли охир омӯзгорони Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Омӯзгорон ва шогирдони Литсей дар озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоёну ифтихорӣ шудаанд.
Аз ҷумла, 57 хонанда гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 70 хонанда гирандаи Стипендияи раиси шаҳри Душанбе, 176 хонанда ғолиби олимпидаҳои шаҳрӣ, 153 нафар ғолиби олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, 230 нафар ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ (фосилавӣ), 5 нафар ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, як нафар хатмкардаи Литсей (Тоҳирӣ Шукрона) соҳиби “Шоҳҷоиза”-и озмуни мазкур, 5 нафар ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ва 62 нафар дар дигар озмунҳои сатҳи шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. 37 омӯзгоре, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиада ва дигар мусобиқаҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, барандаи нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон шудаанд.
Сироҷзода Ҷамолиддин ҚИЁМ,
директори МДТ “Литсейи №2 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе