ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВМКБ. ТАЪСИСИ МАРКАЗ ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ ДАР ДОНИШГОҲИ  ДАВЛАТИИ ХОРУҒ БА НОМИ МОЁНШО НАЗАРШОЕВ

ВМКБ. ТАЪСИСИ МАРКАЗ ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ ДАР ДОНИШГОҲИ  ДАВЛАТИИ ХОРУҒ БА НОМИ МОЁНШО НАЗАРШОЕВ

18 март 2025, Сешанбе
5
0


Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим  таъсис дода шуд.
Бинобар иттилои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Комилбек  Амид, марказ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ-таҳқиқотӣ муҷаҳҳаз буда, дар он беҳтарин мутахассисони самт, омӯзгорони ботаҷриба ба кор ҷалб  гардиданд. 
Маркази  мазкур дар ҳошияи  ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гаштани 21-уми март, ки 14-уми  декабри соли 2022 бо қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ташкил шуд.   
Ректори  Донишгоҳи давлатии Хоруғ  зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа чун мамлакати дорои захираҳои бузурги обу пирях шинохта мешавад. Тавре  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги оби тоза дар минтақа дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва обҳои тоза фаъол мебошад. Ҳифзи пиряхҳо ҳифзи ҳаёт ва ояндаи инсоният мебошад». Аммо бар асари тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво дар сайёра, ки солҳои охир ба мушоҳида мерасад, ба пиряхҳо хатари босуръати обшавӣ таҳдид мекунад. Дар Тоҷикистон чандин пиряхҳои хурду калон об шуда, аллакай, аз байн рафтаанд. Пиряхҳо бошанд, манбаи асосии оби тоза мебошанд ва аз байн рафтани онҳо хатарҳои зиёд дар пай доранд. 
Маркази мазкур бо ҳадафи омӯзиш, таҳлил ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим таъсис дода шуд. 
Ректори Донишгоҳ омӯзиши ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро  аз ҷумлаи ҳадафҳои меҳварии маркази мазкур маънидод карда, зикр дошт, ки  дар доираи он  пешниҳодҳои Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои об ва кам намудани таъсири тағйирёбии иқлим таҳқиқ ва баррасӣ мегарданд.
Таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандӯстиро низ  марказ яке аз вазифаҳои муҳимтарини худ қарор медиҳад. Дар заминаи овардани мисолҳои воқеӣ дар марказ  ҷавонон бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои муҳими экологӣ шинос мешаванд.   
Ҳамзамон, марказ оид ба идоракунии устувори об, коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим  таҳқиқоти илмӣ  мебарад. Албатта, иҷрои ҳамаи ин ҳадафҳо ба таълими кадрҳо ва омӯзиши ҷавонон дар ин самт рабт дорад. Бинобар ин, марказ тавассути ташкили семинару тренингҳо ва ҳамкориҳои байналмилалӣ сатҳи дониши донишҷӯён ва муҳаққиқонро дар соҳаи обу иқлим такмил хоҳад дод.  
Хуллас, маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим  ҳамчун ниҳоди илмӣ, таҳлилӣ, маърифатӣ ва идеологӣ фаъолият намуда, ба омӯзиши амиқи масъалаҳои обу иқлим, пешбурди сиёсати экологии Тоҷикистон ва тарбияи мутахассисони соҳа равона шудааст.    

Раҳмони  ГУЛЗОР,  
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.03.2025 №: 58
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив