ФУТБОЛ
Бозии мунтахаби наврасони кишвар бо тими Қатар мусовӣ анҷом ёфт
Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ, ки дар шаҳри Доҳа ҷараён дошт, бо тими наврасони Қатар ду бозии санҷишӣ анҷом дод.
Бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби 3:3 ва дуюм бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 3 то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Уммон (5 апрел), Кореяи Шимолӣ (8 апрел) ва Эрон (11 апрел) бозӣ мекунад.
Даври дуюми Лигаи олӣ паси сар шуд
14-16-уми март бозиҳои даври дуюми Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд.
Бо сабаби омода набудани майдонҳои футбол дар маҳалҳо, мисли даври якум ҳамаи бозиҳои даври дуюм низ, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардиданд.
14-уми март мо шоҳиди ду бозӣ шудем - “Эсхата”-и Хуҷанд бар “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби 1:0, “Истиқлол” бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. Ду бозии дигар 15-уми март барпо гардид. Бозии дастаҳои “Ҳулбук”-и Восеъ ва “Истаравшан” бо пирӯзии “Ҳулбук” (1:0) хотима ёфт. “Вахш”-и Бохтар “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ду бозии охирини даври дуюм 16-уми март сурат гирифт. “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Балхӣ аз КМВА, “Ҳосилот”-и Фархор аз “Барқчӣ” бо ҳисоби якхелаи 0:3 мағлуб шуданд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюм дар ҷадвал дастаҳои КМВА, “Вахш”, “Ҳулбук” ва “Истиқлол” бо шашимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳо якум то чаҳорумро касб кардаанд.
Бозиҳои даври сеюми Лигаи олӣ 28-29-уми март ба нақша гирифта шудааст, ки КМВА бо «Ҳулбук», «Барқчӣ» бо «Панҷшер», «Истаравшан» бо «Эсхата», «Вахш» бо «Регар-ТадАЗ», «Истиқлол» бо «Ҳосилот» ва «Равшан» бо «Хуҷанд» вомехӯранд.
ОЛИМПИАДАИ МАХСУС
5 медали варзишгарони мо дар Бозиҳои зимистона
8-16-уми март дар шаҳри Турини Италия Олимпиадаи махсус оид ба варзишҳои зимистона баргузор шуд, ки варзишгарони мо сазовори 7 медал – 3 тилло, 3 нуқра, 1 биринҷӣ – гаштанд.
Дар сабқати лижаронӣ (кросс) Фаришта Мерганова дар масофаҳои 50 ва 100 метр ду медали тилло, Насибахон Маҳмадова дар масофаи 50 метр тилло, дар масофаи 100 метр нуқра ба даст оварданд. Ду медали нуқраи дигарро Равшан Ятимов дар сабқати лижаронӣ ба масофаи 50 метр ва Имомназар Таваккалов дар дави болои барф ба масофаи 50 метр мушарраф гаштанд. Меҳробиддин Ҳафизов дар сабқати лижаронӣ ба масофаи 50 метр медали биринҷӣ гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои зимистонаи Олимпиадаи махсус 1500 варзишгар аз 102 давлат ширкат карданд. Кишвари моро 6 варзишгар – тарбиятгирандагони Мактаб-интернати рақами 2-юми шаҳри Душанбе ҳамроҳи 6 мураббӣ намояндагӣ намуданд.
БОКС
Пирӯзии навбатии Баҳодур Усмонов дар бокси касбӣ
Муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов (9:0) бар ҳарифи ӯзбекистониаш Нодирбек Соибов ғалаба кард.
Муҳорибаи ин ҷуфт 15-уми март дар мусобиқаи “Шоми бокси Екатеринбург” баргузор шуд. Баҳодур ва Нодирбек тибқи муқаррарот бояд ҳашт раунд муҳориба мекарданд, вале дар сеюм раунд Нодирбек аз ринг гирифта шуда, накаути техникӣ сабт гардид ва Баҳодур мағлубнашуда боқӣ монд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”