ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

19 март 2025, Чоршанбе
9
0


Имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. 
Масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, ҳамчунин, мавзуоти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президентҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Сарварони ду давлат ҳамдигарро бо фарорасии Ҷашни Наврӯз ва Иди саиди Фитр табрик намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев Пешвои миллатро ба муносибати ба имзо расондани Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шодбош гуфтанд.
Ҷонибҳо, ҳамзамон, дар робита ба ҷадвали вохӯриҳои минбаъдаи дуҷониба ва бисёрҷониба табодули назар намуданд. Аз ҷумла, оид ба мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ки қарор аст, охири моҳи ҷорӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шавад, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Санаи нашр: 19.03.2025 №: 59
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив