ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВРӮЗ.  СОКИНОНУ МЕҲМОНОНИ  ПОЙТАХТРО ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУН ИНТИЗОРАНД

НАВРӮЗ.  СОКИНОНУ МЕҲМОНОНИ  ПОЙТАХТРО ЧОРАБИНИҲОИ ГУНОГУН ИНТИЗОРАНД

19 март 2025, Чоршанбе
7
0


Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки аз қадимтарин идҳои тоҷикон маҳсуб меёбад, бо хусусиятҳои хоси худ омили муҳими ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихиву фарҳангии миллати тамаддунофари халқи тоҷик  мебошад. Бо ин мақсад, ҳамасола дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ ва форуму ҳамоишҳои байналмилалӣ доир мешаванд, ки сайёҳону меҳмонони зиёдро аз ақсои олам ҷамъ меоваранд. 
Аз ҷумла, дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе  мувофиқи тақвими чорабиниҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ аз ҷониби раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тасдиқ гардида буд, баргузории даҳ чорабинии гуногуни фарҳангӣ, форуму ҳамоишҳо  пешбинӣ шудааст. Чунончи, бо ташаббуси шаҳрдорӣ 19-уми март Форуми IV  байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» баргузор мегардад. Қобили зикр аст, чорабинии мазкур маротибаи чорум аст, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад ва намояндагони соҳаи сайёҳии кишварҳои гуногуни оламро ба ҳам меоварад. Мувофиқи тақвими пешакии чорабиниҳо, субҳи 21-уми март маросими истиқболи Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз баландтарин мавзеи шаҳри Душанбе – Боғи «Ғалаба» дар назар дошта шудааст. Сипас, сокинону меҳмонони пойтахтро баргузории консерти идона бахшида ба таҷлили  Ҷашни байналмилалии Наврӯз интизор аст, ки тибқи тақвими чорабиниҳо дар Майдони Истиқлол бо шукӯҳи хоса доир мегардад. 
Ҳамзамон, 22-юми март Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯзи Душанбе - 2025» дар Боғи «Ирам» дар ҳамкорӣ бо шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳӣ баргузор мешавад. Гузашта аз ин,  фестивалҳои «Таомҳои миллӣ» ва «Бозиҳои варзишӣ», «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ», инчунин, барномаҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, мусобиқаҳои миллии гӯштингирӣ,  пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ доир мегарданд.   
Гуфтан ба маврид аст, ки барои ҷаҳонӣ шудани Наврӯз саҳми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург аст, зеро бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат Ҷашни Нарвӯз  моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмааи умумии СММ байналмилалӣ эълон карда шуд. Мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз имкон дод, ки ҷаҳониён фалсафаи эҳё, созандагиву инсонпараварии ин Ҷашни бостониро беҳтар донанд.
Гузашта аз ин, бедоршавии табиат, расму оини суннатии тоҷикӣ, меҳмоннавозии волои миллати тоҷик, пухтани суманак, хӯрокҳои болаззати миллӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, ки дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯз дар ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистон дида мешаванд, метавонанд асоси таваҷҷуҳи сайёҳони бештар ба кишвари мо гарданд.  
Шаҳноз ҚУРБОН, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.03.2025 №: 59
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив