ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВБАҲОРЕ МЕРАСАД, ПАЗМОНИ ДИДОРИ ВАТАН

НАВБАҲОРЕ МЕРАСАД, ПАЗМОНИ ДИДОРИ ВАТАН

20 март 2025, Панҷшанбе
5
0


Чашматон равшан, чинористони бедори Ватан,
Навбаҳоре мерасад, пазмони дидори Ватан.
Боз хуршеди каёнӣ парчамафшон омада,
Рӯи боми қасрҳои кӯҳдевори Ватан.
Нам-нами борони раҳмат мерасад аз осмон,
Чун дуои боғбон бар боғи пурбори Ватан.
Навниҳолон дасти гул бо ҳам диҳанд аз хуррамӣ
Ошиқона дар раҳи ёрони ғамхори Ватан.
Ид омад, иди Наврӯзи пур аз нуру сафо,
Бар дари ҳар хонаву ҳар кӯю бозори Ватан!
Даштҳо пироҳани атлас ба бар доранд боз,
Бо чаканпӯшони гул шайдову саршори Ватан.
Тоҷи Ҷамшед аз ҷилои меҳр рахшон гаштааст,
Маснадаш тахти баланди бахтосори Ватан.
Андалебонро зи нав ишқи сурудан мерасад,
Ҳамнавои шоирони шаҳдгуфтори Ватан.
Ҳеҷ иде инчунин зебову нотакрор нест,
Мисли оҳанги Ҳумоюн дар чаманзори Ватан!

ОЗАРАХШ, Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 20.03.2025 №: 60
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив