ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВРӮЗ. ЯКЕ АЗ МУҲИМТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ

НАВРӮЗ. ЯКЕ АЗ МУҲИМТАРИН ҶАШНИ МИЛЛӢ

20 март 2025, Панҷшанбе
1
0


Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёӣ буда, онро ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хос пешвоз мегиранд. Бо омад-омади ин иди бостонӣ, дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар сокинон бо урфу одатҳои мардумӣ аз пайки Наврӯз ба якдигар хабар медиҳанд. Тули як моҳ мешавад, ки ноҳияҳои минтақаи Рашт қабои идона ба бар кардаанду пиру барно якдигарро бо шодмонӣ ҷиҳати расидан ба соли нави аҷдодӣ таҳният мегӯянд.
Мардуми минтақаи Рашт мисли сокинони дигар шаҳру навоҳӣ фасли баҳор ва Иди Наврӯзро аз кори саҳро оғоз мекунанду дастаҷамъона ба тоза кардани хиёбонҳову шинондани дарахтон ва гулу буттаҳо мебароянд. Дар ин рӯзҳо занону модарон ба пухтани суманаку оши бурида, дангичаву ширкаду, фатирмаскаву қурутоб, шакаробу умоч, ки таомҳои миллии тоҷикӣ маҳсуб меёбанд, машғул шуда, хони идона меороянд. 
Духтарони чаканпӯш, ки бо симои зебои тоҷикона вориди саҳнаи наврӯзӣ мешаванд, нигинеро мемонанд, ки ба табиати зебои кӯҳистон ҷилои тобнок мебахшанд. Чакан худ рамзи Наврӯз аст, вале байни кӯҳҳои сарбафалак дунёи афсонавиро ҳувайдо мекунад. Аслан, дар ин минтақа Ҷашни Наврӯзро ноҳияҳо ба таври хос мегузаронанд. Бахусус, намоиши ҳунарҳои миллӣ дар ноҳияи Лахш, ки намояндагони ду миллат – тоҷику қирғиз умр ба сар мебаранд, хеле аҷиб аст. 
Хӯроки қадимии наврӯзии дангича (кашк)-ро бонувони раштӣ чунон омода месозанд, ки назираш дар ягон минтақа нест. Пас аз чашидани кулчаву фатирмаска ва қурутоби омоданамудаи модарони нурободӣ кас ба хубӣ дарк мекунад, ки занони тоҷик воқеан, ҳунарманданд. Ноҳияҳои Сангвору Тоҷикобод низ Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хос мегузаронанду дар ин рӯзҳо ба ҳунари бостонии мардуми тоҷик арҷ мегузоранд. 
Боиси зикри хос аст, ки дар водии Рашт, маҳз дар ин рӯз бо омода намудани хӯрокҳои милливу гулгардонӣ, хонабаророну поксозӣ доиразаниву хушгузаронӣ ва оташ афрохтану ҳойбозӣ ва дигар бозиҳои наврӯзӣ бори дигар ободиву озодӣ, сулҳу ваҳдат эҳсос шуда, мардум бо як дасту дили гарм ба хотири ояндаи дурахшон ва сабзу шукуфон намудани диёр камари ҳимат мебанданд. 

Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.03.2025 №: 60
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив