ДУРДОНАҲО АЗ “НАВРӮЗНОМА”-И ХАЙЁМ
Китоби “Наврӯзнома” сарчашмаи бисёр хуб ва собит андар шинохти Наврӯз ва таърихи он аст. Бино ба гуфтаи худи муаллиф – Умари Хайём, китобро бо хоҳиши дӯсте азиз иншо кардааст. Менависад: “Дӯсте, ки бар ман ҳаққи суҳбат дошт ва дар некаҳдӣ ягона буд, аз ман илтимос кард, ки сабаби ниҳодани Наврӯз чӣ будааст ва кадом подшоҳ ниҳодааст. Илтимоси ӯро мабзул (иҷро кардам) доштам ва ин мухтасар ҷамъ омад”. Инак, муҳимтарин гуфтаҳо аз ин китоби нодир.
Сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз рубъе (чоряк, аз чор як бахш) аз шабонарӯз ба аввал дақиқаи Ҳамал боз ояд... Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон ба ӯ иқтидо карданд.
***
Даври бузургро (соли бузург), ки сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯзист, соли бузург ном карду ба чаҳор қисм кард. Чун чаҳор қисм аз ин соли бузург бигзарад, Наврӯзи бузург ва нав гаштани аҳволи олам бошад.
***
Бар подшоҳон воҷиб аст оину расми мулук ба ҷой овардан аз баҳри муборакӣ ва аз баҳри таърих ва хуррамӣ кардан ба аввали сол.
***
Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад. Ва ин таҷрибаи ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд.
***
Гуштосп бифармуд, то кабиса (дар ҳар 4 сол бо изофаи 5 соату 49 дақиқа солро 366 рӯз ҳисобанд) карданд ва Фарвардини он рӯз Офтоб ба аввали Саратон гирифт ва гуфт: «Ин рӯзро нигоҳ дореду Наврӯз кунед, ки Саратон толеи амал аст ва мар деҳқонрову кишоварзонро бад-ин вақт ҳаққи байтулмол додан осон бувад».
***
Оини мулуки Аҷам аз гоҳи Кайхусрав то ба рӯзгори Яздигурди шаҳриёр, ки охири мулуки Аҷам буд, чунон будааст, ки рӯзи Наврӯз нахуст кас аз мардумони бегона мубади мубадон пеши малик омадӣ бо воми зарини пурмай ва ангуштариву дирамеву диноре хусравонӣ ва як даста хавиди (ҷав) сабзруста ва шамшере ва тиру камон ва давоту қалам ва аспеву бозе ва ғуломе хубрӯй; ва ситоиш намудиву ниёиш кардӣ ӯро ба забони порсӣ, ба иборати эшон.
Таҳияи Б. БАҲОДУР
Санаи нашр: 20.03.2025 №: 60