ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НАВРӮЗ ТО САДА.  НОМҲОИ ЗЕБОИ 12 МОҲИ НИЁГОН

АЗ НАВРӮЗ ТО САДА.  НОМҲОИ ЗЕБОИ 12 МОҲИ НИЁГОН

20 март 2025, Панҷшанбе
4
0


“Наврӯзнома”-и ҳаким Умари Хайём дар баробари манбаи боварбахш дар муаррифӣ ва шинохти ин Ҷашни куҳан будан, ҳамзамон, барои рӯшан кардани бисёр истилоҳ ва вожаҳои ниёгони мо муҳим мебошад. Аз ҷумла, номи 12 моҳи худро ҳам бо тафсири мухтасар овардем, ки ҳоло номҳои юнонии онро истифода мебарем. 
1. ФАРВАРДИН
Моҳи якуми соли шамсӣ, ки ба 21-уми март то 20-уми апрел рост меояд. Фаррухӣ гӯяд:
То ба фарвардин замин аз лола 
барпӯшад ридо,
То ба даймоҳ осмон аз абр 
барбандад ниқоб.
2. АРДАБИҲИШТ
Ин моҳро ҳоло ҳам дар Эрон бо каме дигаргунӣ, яъне урдубиҳишт истифода мебаранд. Ба ин маъност, ки ҷаҳон зебову шукуфон чун биҳишт мешавад.
Моҳи дуюми соли шамсӣ, ки ба 21-уми апрел то 21-уми май рост меояд. Устод Рӯдакӣ гуфта:
То нахӯрад шир ҳафт маҳ 
ба тамомӣ,
Аз сари урдибиҳишт то буни обон.
3. ХУРДОД
Вожаи хур ба ин маънист, ки дар ин моҳ  Яздон “хуриш диҳад мардумонро аз гандуму ҷаву мева ва Офтоб дар ин моҳ дар бурҷи Ҷавзост”. Хурдод аз 21-уми июн то 22-юми июнро фаро мегирад. Муизӣ гӯяд:
Оҳани пӯлод бо азмат надорад 
муҳкамӣ,
Озари хурдод бо хашмат надорад 
илтиҳоб. 
4. ТИР
Вожаи тир ишора ба “тири Офтоб аст, ки аз ғояти баландӣ фуруд омадан гирад ва андар ин моҳ Офтоб дар бурҷи Саратон бошад”. Дар ин моҳ ҷаву гандум ва дигар чизҳоро тақсим кунанд.
Моҳи чоруми соли шамсӣ, ки ба 22-юми июн – 22-юми июл рост меояд.
Зи фарвардин чу бигзаштӣ, маҳи 
урдибиҳишт ояд,
Бимон хурдоду тир он гаҳ ба 
мурдодат ҳамеояд.
5. МУРДОД
“Яъне, хок доди хеш бидод аз барҳову меваҳои пухта, ки дар вай ба камол расад. Ин моҳ миёнаи тобистон бувад ва бахши ӯ аз Офтоб мар бурҷи Асадро бошад”. 
Моҳи панҷуми соли шамсӣ, ки ба 23-юми июл – 22-юми август рост меояд. Масъуди Саъди Салмон фармуда:
Мурдод маҳест сахт хуррам,
Май нӯш пайопаю дамодам!
6. ШАҲРИВАР
“Ин моҳро аз баҳри он Шаҳривар хонанд, ки дахли подшоҳон дар ин моҳ бошад ва дар ин моҳ барзгаронро додани хироҷ осонтар бошад ва Офтоб дар ин моҳ дар Сунбула бошад ва охири тобистон бувад”. 
Моҳи ҳаштуми соли шамсӣ, ки 21-уми август – 21-уми сентябрро фаро мегирад. Фаррухӣ навишта:
То чу шаҳривар дарояд, боз гардад 
андалеб,
То чу фарвардин дарояд, пушт 
бинмояд ғуроб.
7. МЕҲРМОҲ
“Аз он Меҳрмоҳ гӯянд, ки меҳрубонӣ бувад мардумонро бар якдигар. Аз ҳар чи расида бошад, аз ғаллаву мева насиб бошад, бидиханду бихӯранд ба ҳам. Офтоб дар ин моҳ дар Мизон бошад ва оғози ҳариф (хазонрез) бувад”.
Моҳи аввали тирамоҳ мебошад ва ба 23-юми сентябр – 22-юми октябр рост меояд. Абулқосим Фирдавсӣ навишта:
Ба рӯзи хуҷаста сари меҳрмоҳ
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ. 
8. ОБОНМОҲ
“Обҳо дар ин моҳ зиёдат гардад аз боронҳо, ки оғоз кунад ва мардумон об гиранд аз баҳри кишт ва Офтоб дар ин моҳ дар бурҷи Ақраб бошад”.
Моҳи ҳаштуми соли шамсист (аз 23-юми октябр то 21-уми ноябр). Манучеҳрӣ менависад:
Оби ангур биёред, ки обонмоҳ аст,
Кор якрӯя ба коми дили шоҳаншоҳ 
аст.
9. ОЗАРМОҲ
“Ба забони паҳлавӣ озар оташ бувад ва ҳаво дар ин моҳ сард гашта бошаду ба оташ хоҷат бувад, яъне моҳи оташ. Ва навбати Офтоб дар ин моҳ мар бурҷи Қавсро бошад”.
Моҳ 22-юми ноябр – 21-уми декабрро фаро мегирад. Фахриддини Гургонӣ навишта:
Ҳама ахтаршиносон зиҷ бурданд,
Шумори ахтарон як-як бикарданд.
Чу гардишҳои эшонро бидиданд,
Зи озармоҳ рӯзе баргузиданд.
10. ДАЙМОҲ
Ба забони паҳлавӣ дай дев бошад, бад-он сабаб ин моҳро Дай хонанд, ки дурушт бувад ва замин аз хуррамиҳо дурмонда бувад ва Офтоб дар Ҷадӣ бувад ва аввали зимистон бошад. Дақиқӣ фармуда:
Ба даймоҳ ар эдун, ки хоҳад Худой,
Бипӯшам бузург оҳанина қабой.
11. БАҲМАНМОҲ
“Ин моҳ ба моҳи Дай монанда бувад. Ба сардӣ ва ба хушкӣ ва ба кунҷ андар монда. Ва тири Офтоб андар ин моҳ ба хонаи Зуҳал бошад, ба Далв бо Ҷадӣ”.
Моҳи ёздаҳуми соли шамсӣ (мутобиқи далв) аст, ки ба 21-уми январ – 19-уми феврал рост меояд. Дар китоби “Таърихи Фаришта” омада: “Чун лашкари баҳман рахти сафар барбаст, фасли баҳор расид”. 
12. ИСФАНДОРМАД
“Исфанд ба забони паҳлавӣ мева бувад, яъне андар ин моҳ меваҳо ва гиёҳҳо дамидан гирад. Ва навбати Офтоб ба охири бурҷҳо расад – ба бурҷи Ҳут”. Онро испандормуз ҳам гӯянд, ки охирин моҳи сол аст 21-уми феврал – 21-уми мартро фаро мегирад.
Таҳияи Б. САЛИМ

Санаи нашр: 20.03.2025 №: 60
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив