ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ»

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ»

20 март 2025, Панҷшанбе
4
0

Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии занону духтарон, тарғиби либосҳои миллӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ байни бонувон озмунҳои гуногун баргузор мегарданд.  
Дар ин робита, бо фарорасии фасли зебои баҳор, дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар аксияи «Тоҷикона мепӯшем» ба роҳ монда шудааст. Бешак, пӯшидани либоси зебову шинами миллӣ ба занҳо зебоии дигар зам намуда, шиддати воридшавии либосу фарҳанги бегонаро коҳиш медиҳад.
Раъно Давлатзода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод, иброз дошт: “Тасвири нақши миллӣ дар либосҳо, бахусус либосҳои мактабӣ, як навъи бренди миллӣ маҳсуб мешавад. Дар аксар давлатҳои ҷаҳон хонандагон шиму костюм ва нимдоманро бо рангҳои гуногун мепӯшанд, аммо рамзи фарқкунанда дар онҳо кам дида мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар ноҳияи Файзобод беш аз 10 коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо занон ҳунарҳои мардумиро рушд медиҳанд. Аксари ин коргоҳҳо барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ либоси ягонаи мактабӣ медӯзанд, ки дар онҳо нақшу нигори миллӣ тасвир ёфтаанд. Имрӯзҳо баъзе занону духтарон на танҳо аз ҷаҳлу нодонӣ, балки бо ҳадафу ниятҳои ғаразнок фарҳанги бегонаро тарғиб мекунанд. Тақлидкорӣ ба либосҳои ба фарҳангу маданияти мо бегона кори хуб нест, зеро бонувон асолати миллии худро аз даст медиҳанд”, - гуфт Р. Давлатзода.
Дарвоқеъ, набояд зани тоҷик аз либоси миллии хеш дида, ба либоси бегона шавқу ҳавас дошта бошад. Боиси зикр аст, ки модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.
Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


ВАРЗИШҲОИ НАВРӮЗӢ
Наврӯз аз ҷашнҳои миллии сермаросими мост. Ҷашни Сада 50 рӯз пеш ва маросими гулгардонӣ бо рӯидани гули бойчечак дар аввали баҳор аз расидани Наврӯз мужда медиҳанд. Хонатакониву суманакпазӣ аз маросими дигари муҳими ин Ҷашни миллӣ ҳастанд. Дар баробари ҳамаи ин, бозиҳои гуногуни варзишӣ аз чорабиниҳои асосии Ҷашни Наврӯз маҳсуб меёфтанду меёбанд. Варзиш ба маросиму оинҳои наврӯзӣ он қадар пайваст аст, ки мо – тоҷикон ин ҷашни "аруси сол"-ро бе тамошои мусобиқаҳои варзишӣ тасаввур карда наметавонем. 
Ба навиштаи муҳаққиқ Зафар Мирзоиён, ба пешвози Наврӯз аз замонҳои қадим на танҳо деҳқонон, балки хунёгарон, шоҳону шоирон ва варзишгарон омодагиҳо медиданд. Барои варзишҳои аспсаворӣ, ба монанди чавгонбозии савора, асптозӣ, асппарварон дар дарозои мавсими сармо аспҳои худро парвариш мекарданд. Дар адабиёти мо истилоҳи «гулрезони паҳлавонон» ба чашм мехӯрад, ки он ба мусобиқаҳои гӯштин пайвастагӣ дорад. Истилоҳи “гулрезон” ба он ишора доштааст, ки ҳар сол ба Наврӯз дар мусобиқаҳои гӯштин, ба хотири саҳмгузории тарафдорони ин ё он паҳлавон дар дастгирии ниёзмандон, рӯймолеро мегустурданд. Яъне, ҷамъоварии маблағи хайрияе барои дастгирии нотавонон. Ин оин имрӯз низ миёни паҳлавонони мо роиҷ аст. Дар бисёр мусобиқаҳои гӯштингирӣ мебинем, ки паҳлавонон солимҳоро ба хона-интернатҳо хайр мекунанд. 
Имсол Иди Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ 31-уми март бо ширкати сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд таҷлил хоҳад шуд. Дар арафаи ин ҷашни дӯстӣ бо иштироки варзишгарони се кишвар дар вилояти Суғд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ – шиноварӣ, дави дӯстӣ, марафони велосипедронӣ, камонварӣ, теннис, пойгаи аспдавонӣ, бузкашӣ ва гӯштингирӣ доир гашта, ғолибон бо мукофоти арзишманд қадр гаштанд.  
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар бештари мусобиқаҳо ширкат дошт. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар дави дӯстӣ таъкид кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар шароити хуб барои рушди варзиш фароҳам оварда шуда, бо истифода аз онҳо баргузор намудани чунин чорабиниҳои варзишӣ барои таҳкими дӯстии мардумони минтақа ва ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш муҳиму саривақтӣ мебошад.
Мусобиқаи гӯштингирӣ 16-17-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд. Паҳлавонон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар 4 вазн миёни мардҳо ва 1 вазн миёни бонувон зӯрозмоӣ карданд. Ҳамин тариқ, паҳлавонони мо дар вазни 65 кг Сарвар Абдушукуров, дар вазни 78 кг Маҳмадшариф Наҷмиддинов, дар се вазни дигар намояндагони Ӯзбекистон – Ҷонибек Казаков (95 кг), Шералӣ Ҷӯраев (+95 кг) миёни мардҳо, Шоиста Назарова (70 кг) миёни бонувон ғолиб омаданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 20.03.2025 №: 60
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив