АНЪАНАҲОИ НЕКИ НАВРӮЗӢ
Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳамаи давру замон муқаддас буд. Наврӯз яке аз ҷашнҳо ва суннатҳои қадимтарини мардуми тоҷик мебошад, ки решааш аз фарҳанги пурбори ориёӣ об мехӯрад ва меҳри он дар қалби мардум маъво дорад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Наврӯз яке аз идҳои бостонии тоҷикон аст, ки аз умқи таърих онро аҷдодони мо бо расму русуми хосса истиқбол ва ҷашн мегирифтанд.
Дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ Наврӯз ҳамчун иди расмӣ ҷашн гирифта намешуд. Маҳз аз ҳамин сабаб, бисёр анъанаҳои неки он аз байн рафта,ҷойи онҳоро анъанаҳои бегонаи хурофотӣ ишғол намуданд.
Яке аз анъанаҳои наврӯзӣ “Сарҷуфтӣ” ном дорад. Дар баъзе маҳаллаҳои дигар онро “Ҷуфтбаророн” низ меноманд. Дар ин рӯзи нек, ки ба омади Наврӯз рост меояд, мӯйсафедони ноҳияи Ванҷ заминеро интихоб мекарданд, ки барои шудгор омода бошад. Бо бел хокро гирифта, аз баландии то як метр ба замин меандохтанд. Агар хоки кандашуда майда мешуд, ин нишони он буд, ки замин барои шудгор тайёр аст. Ин усул аз он муфид буд, ки замини лойи шудгоргашта ҳосили хуб намедод.
Пас аз интихоби замини мувофиқ, аҳли деҳа анвои хӯрокҳои миллиро омода намуда, ба сари кор меоварданд. Хонро густурда, ҳама хурду бузург бо шодиву хурсандӣ таом тановул мекарданд. Ширҷӯш хӯроки беҳтарин маҳсуб мешуд, ки онро дар пеши мӯйсафедон мегузоштанд. Ин рӯз аз он боз неку буд, ки дар ин рӯз ҳама баробар буданд ва кӯдакон низ бо калонсолон сари як хон менишастанд.
Пас аз тановул, навбат ба бозиҳои наврӯзӣ мерасид. Кабкҷанг, хурӯсҷанг, сангчабозӣ, бандкашак, паропарак, сарбофон, оташпарак, даводавак, гӯштин ва дигар бозиҳои маъмул баргузор мешуданд.
Баъд сартарошон мешуд. Ҷавоне ба сари мӯйсафедон оби ширгарм рехта, мӯйҳояшонро молиш медод. Сартарош бо навбат мӯйи сари пирону кӯдаконро метарошид.
Кишоварзон барзаговҳоро ба сари замин оварда, юғу сипор мебастанд. Мӯйсафедон даст ба дуо мебардоштанд. Тухмипош тухмӣ мепошид ва ҷуфт оғоз мешуд ва то бегоҳ давом мекард.
Саркор эълон медошт, ки рӯзи дигар сарҷуфтӣ дар фалон деҳа баргузор мешавад. Ҳамин тавр, деҳаҳо пайи ҳам сарҷуфтиро мегузаронданд. Дар Наврӯз ҳам тӯю сур буду ҳам кору ҳам дидорбинӣ.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор