ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ 

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ – МЕҲВАРИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГИЮ САЙЁҲӢ 

27 март 2025, Панҷшанбе
5
0


Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», ки маротибаи чорум бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба таҳкими робитаҳои фарҳангиву сайёҳӣ, сулҳу дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои муҳими ин соҳа заминаи созгор фароҳам меоварад. 
Ин нукта дар Форуми IV байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», ки 19-уми март дар меҳмонхонаи Hyatt Regency баргузор шуд, ироа гардид. 
Ҳадафи баргузории Форум тарғиби арзишҳои умумибашарии Ҷашни байналмилалии Наврӯз, рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табииву рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе, инчунин, дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз, муаррифии Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ арзёбӣ гардид.
Дар чорабинӣ намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, корпуси дипломатӣ, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, инчунин, коршиносону муҳаққиқон ва воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд. 
– Боиси  сарфарозист, ки ба шарофати фазои сулҳу амнияти пойдор дар кишвар ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтани кишвари азизамон ва пойтахти он шаҳри Душанбе, бунёди инфрасохтори замонавӣ, хизматрасонии муносиб ва беҳтар гардидани фазои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ ба пешрафти ин соҳаи муҳими рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд. Гузашта аз ин, муаррифии Ҷашни Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ чун мероси пурсарвати таърихиву фарҳангии миллати тоҷик рақобатпазирии маҳсулоти сайёҳии кишварро дар бозори ҷаҳонӣ таъмин хоҳад кард, – иброз дошт Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа. 
Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ гуфт, ки Наврӯз, дар ҳиқиқат, ҷашни умумиинтихобшудаи одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстии ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад.
– Бовар  дорам,  Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», ки имрӯз доир шуда истодааст, барои баланд бардоштани мақоми Наврӯзи ҷаҳонӣ мусоидат карда, ҳамкории илмӣ, адабиву ҳунариро боз ҳам таҳким мебахшад, зеро Наврӯзи ҷаҳонӣ хусусият ва сиришти инсонгароёна дошта, ба кас нерую шодмонӣ, хушиву хушбахтӣ бахшида, дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси бародариву дӯстӣ, эҳтирому садоқат ва ҳамзистиро зиёдтар менамояд, – иброз дошт Б. Шарифӣ. 
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода гуфт, ки боиси ифтихор аст, ки бо саҳми боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ шуд ва он ҳамасола дар кишвари мо бо риояи оинҳои куҳани аҷдодӣ ба таври хосса таҷлил карда мешавад. Ин аст, ки дар доираи баргузории Ҷашни Наврӯз ба кишвари мо сайёҳони бешумор ташриф оварда, бо табиати зебоманзар ва урфу одати миллати сарбаланди тоҷик ошно мешаванд. 
Шералӣ Хоҷазода, директори Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр кард, ки дар миёни тамоми ҷашну маросиме, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз дар дунё ҷашн гирифта мешаванд, Наврӯз яке аз ҷашнҳои зеботарин ва қадимтарин ба ҳисоб меравад. Баъди қабул гаштани дину оини мубини Ислом ва забони нав дар давоми «хомӯшии дуасра» мардуми форсизабон тавонист фарҳанги хешро нигоҳ дошта, онро равнақ диҳад. Ин эҳё гардидани як ҷузъи қадимаи тамаддун ва фарҳанги мардуми ориётабор буда, ҳиссаи босазоест дар тамаддун ва фарҳанги умумибашарӣ. 
Дар рафти чорабинӣ, ҳамчунин, таъкид гардид, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ ва азму талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар қатори дигар идҳои миллӣ мазмуну моҳияти нав пайдо карда, ба беҳтарин оинҳои умумибашарӣ табдил ёфтааст, ки метавонад баҳри ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла сайёҳону гардишгарон, ба мероси бойи таърихиву фарҳангии миллати тамаддунофари  тоҷик ва мавзеъҳои сайёҳии мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад. 

Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 22.03.2025 №: 61
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив