ҶАШНИ ОЗОДАГОН ВА ОЗОДАГӢ
Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мост, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашарии худро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Бахусус, пас аз қабули қатъномаи иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 23-юми феврали соли 2010 оид ба Ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз шукӯҳу эътибори он дар саросари ҷаҳон нуфуз ва доманаи густариши бештар пайдо кард.
Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ оид ба Наврӯз ва дигар ҷашнҳои қадими миллии мо чунин изҳори назар карда буданд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст”.
Дар матнҳои бозмонда аз рӯзгори пешин ва осори назму насри гузаштагони мо дар бораи ҳикмати Наврӯз ва пайдоиши он нақлу ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Аз ҷумла, пешиниёни мо Наврӯзро далели пайдоиш ва аввалрӯзи офариниши ҷаҳон дониста, гуфтаанд, ки дар ин рӯз Худованд афлокро пас аз он ки сокин буд, ба гардиш овард ва Офтобро барои он ки замон ва солу моҳу рӯз аз гардиши он шинохта шавад, офарид. Ҳамчунин, мегӯянд дар ин рӯз буд, ки инсон офарида шуд ва ё нахустин шоҳи олам Каюмарс, ки ӯро бо таваҷҷуҳ ба подшоҳӣ ёфтанаш дар кӯҳ, гузаштагони мо Галшоҳ, Гаршоҳ ё Ғаршоҳ лақаб додаанд, ба тахти шоҳӣ нишаст. Тавзеҳан, дар баъзе китобҳо Каюмарсро Гилшоҳ, яъне шоҳи хокиён ҳам гуфтаанд, вале дар таърихномаҳои муътамад Каюмарсро, ки нахуст дар кӯҳ ба подшоҳӣ расид, возеҳан Галшоҳ, Гаршоҳ ё Ғаршоҳ гуфтаанд.
Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” бунёд ниҳодани Ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед дар рӯзи ҳурмуз, яъне рӯзи аввали моҳи фарвардин – моҳи аввали тақвими аҷдодии шамсӣ нисбат додааст:
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.
Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷ рӯйи Замин.
Чунин нақлу ривоятҳо зиёданд, вале ин нукта ҷойи баҳс надорад, ки Наврӯз оғози сарсабзиҳо, шукуфтанҳо ва дар маҷмуъ, эҳёи Замину замон аст.
Аз рӯзгори қадим дар байни мардуми мо дар ин рӯз расм аст, ки ба якдигар ҳадя фиристанд ва мегӯянд, ки сабаби он ба ошкор шудани найшакар дар рӯзи Наврӯз бастагӣ дорад. Ба ин маънӣ, ки рӯзи Наврӯз Ҷамшед найеро дид, ки обҳои даруни он ба берун таровиш карда буд ва чун Ҷамшед дид, ки он ширин аст, амр кард, ки оби ин найро берун оваранд ва аз он шакар сохтанд. Ҳамин гуна сирри шакар ошкор шуд. Ҳамин аст, ки дар ибтидо мардум барои якдигар дар Наврӯз шакар ҳадя мефиристоданд.
Бори нахуст бунёдгузори давлати Ҳахоманишиён Куруши Кабир (559-530 то милод) соли 538 пеш аз милод Наврӯзро ҷашни миллии мардуми мо эълон кард. Дар ин рӯз дари боргоҳи подшоҳони Аҷам ба рӯйи мардум боз гардида, ҳоҷати ниёзмандон раво, маҳбусон озод, гунаҳкорон афв мешуданд.
Дар замони Дориюши аввали Ҳахоманишӣ (522-486 то милод) Наврӯз дар Тахти Ҷамшед баргузор мешуд.
Ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки бунёдгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон (224-241) соли 230 милодӣ давлати Римро шикаст дод ва талаб кард, ки Рим Ҷашни Наврӯзро ба расмият шиносад. Сенати Рим Ҷашни Наврӯзро дар қаламрави Рим бо номи “Луперкал” ба расмият шинохт.
Мегӯянд, ки пешиниёни мо обро дар баробари оташ муқаддас медонистанд ва дар аҳди Сосониён дар бомдоди рӯзи Наврӯз мардум ба ҳам об мепошиданд. Аз замони ҳукмронии Ҳурмузи аввали сосонӣ (272-273) дар шаби Наврӯз афрӯхтани оташ расм гардид. Аз замони Ҳурмузи дувуми сосонӣ (302-309) расми додани сикка ё танга ба сифати идӣ ё идона пайдо шуд.
Гуфтаанд, ки дар рӯзи Наврӯз ба Пайғамбари Ислом як ҷоми пур аз ҳалво идона бурданд. Он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд, ки идона аз Наврӯз аст. Сипас, Пайғамбар аз он ҳалво андаке хӯрд ва боқимондаро миёни саҳобагон қисмат карду гуфт: “Лайта лано кулла йавмин Навруз” (Кош ҳар рӯзе барои мо Наврӯз бошад).
Дар аҳди Сомониён (875-999) низ Наврӯз бо шукӯҳу ҷалол таҷлил мешуд.
Дар рӯзгори давлатдории Аббосиён дар Бағдод ва дигар шаҳрҳои хилофат мардум дар кӯчаҳо бо нидои “шукра-н-Найруз” ҳамдигарро муборакбод мегуфтанд.
Баъдан, дар рӯзгори боло гирифтани таассуби динӣ ин Ҷашн каме дар ҳошия қарор гирифт ва ахиран бо шарофати Истиқлол ва саъйи ҳамвораи Пешвои миллат Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Ба расми маъмул, гузаштагони мо дар рӯзи Наврӯз либоси нав ё тозаву озода ба бар карда, аҳли ҳар хонавода бар сари хони наврӯзӣ менишастанд.
Наврӯз воқеан, рӯзи аз синаҳо берун андохтани кинаҳо, рӯзи бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар, рӯзи меҳрубонию меҳрборӣ, рӯзи таваллуди дубораи табиату инсонҳост.
Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар яки мо ба хотири ободию шукуфоии ҳарчи бештари сарзамини аҷдодии худ суннатҳои наврӯзӣ, аз ҷумла озодагию покизагии зоҳиру ботини худ ва шаҳру деҳоти мамлакатро, шиори рӯз қарор диҳем ва барои тантанаи Наврӯзи оламафрӯз дар ҳар чор фасли сол ва ҳамасола ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёфтани Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бандем.
Ҳасани СУЛТОН,
узви вобастаи АМИТ