ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ БОҒДОРӢ

СУҒД.  АВЛАВИЯТ БА РУШДИ БОҒДОРӢ

27 март 2025, Панҷшанбе
18
0

 

Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои зиёд намудани майдони боғу токзори интенсивӣ ва суперинтенсивӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд. 


Ба иттилои Музаффар Юнусов, сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд, аз ҷумла деҳқонон ва кишоварзони шаҳри Исфара, ки таҷрибаи бой дар парвариши меваҳои шаҳдбор, аз қабили зардолу, шафтолу, сиёҳолу ва дигар навъҳои меваро доранд, барои татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдом гирифтаанд, ки дар заминҳои бекорхобидаи Ҷамоати деҳоти Нурафшон 600 гектар боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бунёд намоянд.
Бар асоси лоиҳаи муаррифишуда, дар ин минтақа 600 гектар боғи зардолу, сиёҳолу, себ, писта, бодом, шафтолу, гелос, ангур бунёд мешавад. 
Боғҳои нав аз ҷониби соҳибкорони шаҳр бунёд гардида, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии вилоят ва хориҷи кишвар харида мешаванд. Барои обёрии заминҳои бекорхобида хатти об ба масофаи 3,5 км кашида хоҳад шуд. 
Дар минтақаи мазкур беш аз ду ҳазор гектар заминҳои бекорхобида буда, масъулони соҳаи кишоварзӣ ва соҳибкорон вазифадор гардиданд, ки истифодаи самараноки ин заминҳоро таъмин намоянд. 
Чанде пеш бо истифода аз техникаҳои махсус раванди ҳамворкунии заминҳои талу теппа барои бунёди боғи интенсивӣ ва суперинтенсивии "Истиқлол" оғоз гардид.
Бунёди боғҳои нав на танҳо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, балки рушди иқтисоди маҳаллиро тақвият бахшида, барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ низ мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар вилоят беш аз 81 681 гектар боғ буда, дар доираи амалисозии барномаҳои соҳавӣ ҳамасола садҳо гектар боғи нав бунёд мешавад.

Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 22.03.2025 №: 61
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив