ТОҶИКИСТОН ВА КУВАЙТ. ПАЙВАНДИ ДӮСТИЮ БАРОДАРӢ 30-СОЛА ШУД
Аз истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, ки 31-уми марти соли 1995 иттифоқ афтода буд, 30 сол пур шуд. Дар ин давра ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлати мо бо ин кишвари арабӣ дар заминаи пайвандҳои маънавии таърихӣ ва муштаракоти фарҳангӣ рушд кард. Омили асосии таҳкими робитаҳои ҳасанаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳони араб, аз ҷумла Давлати Кувайт, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати хориҷии мутавозин, шаффоф ва санҷидашудаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҷавҳари онро асли “дарҳои боз” ташкил медиҳад. Хосса, пайванди дӯстию бародарии Пешвои миллат бо марҳум Амири собиқи Давлати Кувайт аълоҳазрат Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар пешбурди муваффақонаи робитаҳои судманди ду давлат нақши калидӣ бозид.
Робитаҳои Тоҷикистон бо ҷаҳони араб зодаи як лаҳза ва ё падидаи чанд даҳсола нест, балки он аз асолати таърихие маншаъ мегирад, ки тули қарнҳо ташаккул ёфтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари арзишманди худ “Тоҷикон дар оинаи таърих ” ба ин нукта ишораи возеҳ кардаанд: “Минтақаи Осиёи Марказиро, ки арабҳо Мовароуннаҳр номида буданд, пайвандҳои таърихии ҳазору сесадсола бо ҷаҳони араб мепайванданд. Баъди зуҳури ислом ва таъсиси хилофати исломӣ дар аҳди халифаҳои рошидин ва халифаҳои умавӣ таҳти парчами ислом садҳо қавму миллатҳои гуногун дар Осиё, Африқо ва, ҳатто Аврупо гирд омада, як тамаддуни бузургу беназир ва густурдаеро ба ҷомеаи башарӣ пешкаш намуданд, ки бо номи тамаддуни исломӣ шуҳрати оламгир пайдо кард. Пешвоёни дини ислом аз миёни миллатҳои дигар, дар баробари арабҳо паҳлуҳои зиндагисози ин тамаддунро вусъату тавсеа бахшиданд, ки дар миёни онҳо намояндагони ниёгони тоҷикон кам набуданд”.
Ҳанӯз моҳи декабри соли 1993 ҳангоми мушаххас намудани асосҳои консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон Роҳбари давлат кишварҳои мусулмоннишини Шарқро ба ҳайси яке аз ҳавзаҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд номбар карда буданд. Ин самти авлавиятноки сиёсати берунаи кишвар, дар таҳрири нави Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ ва мушаххас чунин дарҷ гардид: “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо истиқбол аз алоқамандии кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс, аз қабили Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Давлати Қатар, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, ба сармоягузории лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, ки аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ доранд, ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои минтақаи мазкур саъй менамояд. Ба манзури таҳкими муносибатҳо бо ҷаҳони араб Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҷомеаи давлатҳои арабӣ, густариш хоҳад дод”.
Тавре ишора рафт, муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт, агарчи соли 1995 истиқрор шуда буд, аммо қабл аз ин тамосҳои сиёсии заминагузоре дар сатҳҳои расмӣ байни ду кишвар сурат гирифта буданд. Аз ҷумла, бо гузашти муддате аз эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991, Ҳукумати Кувайт ба нишони эътирофи сиёсӣ ва ҷонибдории давлати тозаистиқлоли тоҷикон як ҳайати расмии баландпояро ба Душанбе фиристод. Инчунин, нахустин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шодравон Амири Давлати Кувайт Шайх Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ дар шаҳри Дор-ул-байзои Мағриб соли 1994, дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ гардиши калидиеро дар масири муносибатҳои ду давлат ба миён овард ва ин мулоқот, барои муайян сохтани дурнамои ҳамкорӣ таъсиргузор буд, зеро маҳз дар заминаи он робита байни роҳбарони олии ду кишвар эҷод шуд.
Аз ин ҷост, ки бо гузашти чанд моҳ аз ин мулоқоти таърихӣ робитаҳои дипломатии Тоҷикистон ва Кувайт расман эълон шуданд ва пас аз чанд рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати расмии Шайх Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ 17-19-уми апрели соли 1995 ба Давлати Кувайт нахустин сафари расмӣ анҷом доданд.
Кувайт аввалин кишвари арабие мебошад, ки ба он роҳбари давлати навбунёди Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф овардаанд. Пешвои миллат дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо рӯзноманигорони кувайтӣ дар арафаи сафари давлатии навбатӣ ба Кувайт бардоштҳо ва назари худро дар бораи аҳамияти нахустин сафари худ ба ин кишвари арабӣ чунин таъкид карда буданд: “Кувайт барои Тоҷикистон як кишвари намунавие буд, ки мо бояд дар раванди рушду пешрафт аз таҷрибаи он истифода барем. Ман ҳамчун Президенти Тоҷикистон Кувайтро нахустин кишвари арабӣ барои сафарҳои расмии худ интихоб намудам, ки ин худ таваҷҷуҳи моро ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва ҳавасмандии ин ҷонибро ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи Кувайт ҳамчун кишвари пешрафта инъикос менамояд”.
Пӯшида нест, ки муайян намудани авлавиятҳо ва самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ аз ваколатҳои аслии роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ба шумор рафта, робитаҳо ва тамосҳои сарони давлатҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллию стратегии кишварҳо омили калидии рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба арзёбӣ мегардад. Дар ин робита, мояи хурсандист, ки робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт аз чунин омили калидӣ – пайвандҳои дӯстию бародарӣ миёни пешвоён бархӯрдор буда, дар партави он рушд меёбанд.
Сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт бо даъвати Амири собиқи ин кишвар шодравон аълоҳазрат Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва Амири феълӣ Шайх Мишъал ал-Аҳмад ас-Сабоҳ муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи муносибатҳои дуҷониба ба шумор мераванд, ки натиҷаҳои созандаи онҳо дар тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқӣ ва муаррифии самтҳои умедбахши ҳамкориҳо дар заминаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию фарҳангӣ ва ғайра таҷассум меёбанд.
Дар ин росто бояд зикр кард, ки моҳи октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори нишасти сарварони кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) ба Давлати Кувайт сафари корӣ анҷом доданд ва дар доираи ин сафар мулоқоти судманди Пешвои миллат бо Амири Кувайт сурат гирифт. Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) ҳамоиши ҳамгироии кишварҳои Осиё буда, Давлати Кувайт дар пешбурди фаъолияти он аз замони таъсис нақши муассир мебозад. Инчунин, сафарҳои давлатӣ ва расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт 23-25-уми июни соли 2013, 14-16-уми майи соли 2016, 3-5-уми ноябри соли 2024 ва мулоқоту музокироти расмии Сарвари давлат бо Амири Кувайт ва дигар намояндагони воломақом ба раванди муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд. Имрӯз ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайтро дар соҳаҳои гуногун зиёда аз 32 санади ҳамкорӣ ба танзим медароранд. Таҳким ва тавсеаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои меҳварие буд, ки зимни мулоқотҳои Сарвари давлат бо роҳбарияти олии Давлати Кувайт ва дигар масъулини ин кишвар матраҳ мегардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои худ ба кишварҳои хориҷӣ ҳамчун сарвари тоҷикони ҷаҳон ҳамеша талош меварзанд, ки фарҳангу тамаддуни асилу бостонӣ ва пурғановати мардуми тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Маҳз ба ин манзур дар доираи сафари расмии соли 2016 Пешвои миллат дар Донишгоҳи Кувайт бо устодону донишҷӯён мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, дар ин боргоҳи илму маърифат дар бораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва хизматҳои шоёни абармардону нобиғагони тоҷик дар рушди тамаддуни инсонӣ суханронӣ карданд.
Зимни ин мулоқот рӯнамоии нашри арабии китоби Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих” сурат гирифт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нашри арабии ин китоби арзишманд таъкид намуда буданд, ки нашри нави он ба забони арабӣ дар Кувайт нишонаи эҳтиром ва эътирофи миллатест, ки бо таърихи куҳан ва фарҳанги асили худ дар пешрафти тамаддуни башариву исломӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Зикри ин нукта муҳим аст, ки аз замони истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ҷиҳати татбиқи дастуру роҳнамоиҳои сарони давлатҳо талош меварзанд. Дар натиҷаи тамосҳои муштараки ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт ба маҷрои рушди бемайлон ва бардавом ворид шудааст.
Ҳоло Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт, ки аз соли 2013 амал мекунад, дар партави дастуру супоришҳои Роҳбари давлат барои таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд дар тамоми арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак фаъолияти пайгиронаи худро идома медиҳад. Мояи хурсандист, ки пас аз ифтитоҳи Сафорат муносибатҳои дуҷониба ба марҳалаи сифатан нав ворид шуда, ҷонибҳо дар ин раванд ба натиҷаҳои назаррас расиданд.
Дар натиҷаи тамосҳо ва ҳамоҳангиҳои муштарак моҳи октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе нахустин бор Рӯзҳои фарҳанги Давлати Кувайт дар Тоҷикистон гузаронда шуда, аҳли фарҳангу ҳунари ин кишвар барномаҳои ҷолибу рангини фарҳангию ҳунариро манзури тамошобинони тоҷик намуданд, ки барномаи консертии муштарак, намоиши филмҳои мустанад, намоишгоҳи китоб, аксу мусаввараҳо ва базми шеърро дар бар гирифтанд.
Моҳи ноябри соли 2024 дар пасманзари сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Кувайт баргузор гардиданд. Дар ин чорабинӣ, ҳунармандони тоҷик бо намоиши санъати мусиқӣ, рақс ва ҳунарҳои мардумӣ фарҳанги ғании тоҷиконро муаррифӣ карданд, ки таваҷҷуҳи зиёди тамошобинони кувайтиро ба худ ҷалб намуд.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир, табодули ҳайатҳои фарҳангӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак байни ду кишвар афзоиш ёфтааст. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланд иштирок намуда, фарҳанги тоҷикро ба мардуми кувайтӣ ба таври шоиста муаррифӣ мекунад.
Яке аз дастовардҳои дигар дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ ин кушодашавии нахустин хатсайри парвозҳои мустақим байни Кувайту Душанбе маҳсуб меёбад, ки аз моҳи декабри соли 2022 инҷониб мунтазам амалӣ мегардад. Ин хатсайр дар самтҳои рушди сайёҳӣ, табодули тиҷорат ва рафтуомади соҳибкорону намояндагони бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ умедбахш арзёбӣ мегардад.
Имрӯз бо гузашти се даҳсола аз истиқрор ва ташаккулёбии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Кувайт бо назардошти руҳияи дӯстию бародарӣ ва ҳусни эътимод робитаҳои сиёсии ду давлат ба сатҳи олии худ расидаанд.
Ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт китоби 30 - солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Кувайтро ба забонҳои тоҷикию арабӣ таҳия ва чоп намуд, ки он фарогири рӯйдодҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба мебошад. Дар назар аст, ки маросими тантанавии муаррифии ин китобҳо ҳам дар Кувайт ҳам дар Душанбе сурат гирад. Илова бар ин, тасмим гирифта шуд, ки филми ҳуҷҷатии фарогири муҳимтарин руйдодҳо ва дастовардҳои муносибатҳои дуҷониба дар тули 30 сол тавассути шабакаҳои телевизонии Тоҷикистону Кувайт ба намоиш гузошта шаванд.
Зубайдулло ЗУБАЙДЗОДА,
сафири фавқулода ва мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт