МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ФАЪОЛОНИ СОҲАИ САНОАТИ ВИЛОЯТИ СУҒД
1-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғоз бахшидан ба сохтмони корхонаи ғанигардонии маъданҳои ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолони соҳаи саноати вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро (29-30 март) натиҷагирӣ карда, вазъи корҳои созандагӣ ва рушди соҳаи саноати кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки ҳамаи тадбирҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ амалинамудаи Ҳукумати кишвар ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон равона шуда, то имрӯз барои расидан ба ин ҳадафи олӣ заминаи мусоиди кору фаъолият фароҳам омадааст.
Гуфта шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар вилояти Суғд 680 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор ба фаъолият пардохт. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят мунтазам афзуда, соли 2024 ба 30,4 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020-ум ду баробар зиёд мебошад.
Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти захираву иқтидорҳои мавҷуда, барои расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул ҳоло ҳам нокифоя мебошанд.
Аз ин рӯ мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута вазифадор шуданд, ки барои ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки дорои арзиши баланд тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Зимни таҳлили вазъи содирот, иброз гардид, ки имкониятҳои вилоят доир ба зиёд кардани ҳаҷми содирот, бахусус содироти маҳсулоти тайёр, ҳоло ҳам пурра истифода нашудааст.
Сохторҳои дахлдор барои рушди соҳаи саноати маъдан ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кор ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Сарвари давлат ҳадафи бунёди корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик»-ро пешрафти соҳаи саноат, бахусус мусоидат ба рушди соҳаи саноати маъдан ва таъсиси ҷойҳои кор маънидод намуданд. Гуфта шуд, ки дар ҷараёни сохтмони корхона наздики 600 нафар, дар марҳалаи аввали ба кор даромаданаш 1 ҳазору 200 нафар ва пас аз пурра омода шудани он 2 ҳазор шаҳрванд бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Баъди таҳлили вазъи истихроҷ ва истеҳсолу коркарди маҳсулот дар корхонаҳои саноатии вилояти Суғд, Сарвари давлат сохторҳои марбутаро барои ба роҳ мондани фаъолияти истихроҷ ва коркарди маҳсулот вазифадор намуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар саросари кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, барои дар сатҳи шоиста ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ тавсеа ёфтаанд, ки дар ин раванд соҳибкорон саҳми назаррас доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки барои иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои пешбинигардидаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Дастурҳои дигар ба масъулони як қатор сохторҳои давлатӣ вобаста ба таъсиси корхонаҳо, ташкили ҷойҳои нави кор ва бартараф кардани омилҳои боздорандаи рушди соҳаи саноат дода шуд.
Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сармоягузорону соҳибкорон ва роҳбарони корхонаву коргоҳҳои саноативу кишоварзии вилоят талаб намуданд, ки барои амалӣ гардондани ҳадафҳои умумимиллӣ ва рушду пешрафти кишвар талош варзанд.
