СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
1-уми апрел суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён доир гардид.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба муносибати Ҷашни Наврӯзи бостонӣ ва фарорасии Иди мубораки Фитр ҳамдигарро табрику таҳният гуфтанд.
Дар зимн, Роҳбари давлат ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навинро хоста, ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Президенти Тоҷикистон бо ибрози қаноатмандӣ аз ҷараёни имрӯзаи рушду тавсеаи робитаҳои ду кишвар, аҳамияти муколамаи пайвастаи сатҳи олиро бахусус таъкид сохтанд.
Дар ин замина, натиҷаҳои сафари начандон деринаи Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид. Изҳори умед шуд, ки татбиқи ҳамаҷонибаи онҳо ба ҳаллу фасли фарогири масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои мо мусоидат хоҳанд кард.