РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

03 апрел 2025, Панҷшанбе
18


Инсони шариф, олими шинохта ва роҳбари хоксору самимӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумъахон Хол аз зумраи нафаронест, ки дар ҳаёти ман ҳамчун устод хизматҳои шоиста намудааст.
Барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор ва барои сабз гаштани инсон устод зарур мебошад. Бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дурусту васеъ дарк намояд. 
Устоди мо, хосса ман, аз зумраи олимонест, ки қисми бештари умри хешро дар самти омӯзишу таҳқиқ ва баррасии масъалаҳои илмӣ ва мушкилоти рӯзмарраи соҳаи педагогика, психологияи идоракунӣ сарф намудааст. Ӯ омӯзгори асил, ҳалиму меҳрубон, инсони поктинат, фурӯтан, ҷиддию серталаб мебошад. 
Фаъолияти омӯзгориашро ҳангоми донишҷӯӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи № 62-юми шаҳри Душанбе оғоз намуд, солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун содиқона хизмат намудааст. 
Соли 2015 дар мавзуи «Фалсафаи таҳсилоти мутафаккирони форсу тоҷики асри миёнагӣ ва арзишҳои он дар инкишофи педагогикаи миллӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. 
Аз соли 2015 то соли 2017 (пас аз тағйироти сохторӣ дар Донишкада, ки раёсати таълим ба шуъбаи таълим табдил ёфт) сардори шуъбаи таълим шуда, дар раванди ҷорӣ гардидани низоми кредитӣ дар ин муассисаи таълимӣ саҳм гузоштааст. Аз моҳи апрели соли 2017 то 4-уми феврали соли 2020 ба симати муовини ректор оид ба таълим ва профессори кафедраи илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарии он фаъолият дошт.
Муаллифи беш аз 75 кори илмии нашршуда, аз ҷумла 13 кори илмӣ-методӣ, 4 монография, 2 китоби дарсӣ ва 60 мақолаи илмӣ мебошад. 
Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 4-уми феврали соли 2020, мавсуф директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таъин гардид. 
Саҳми ӯ дар пешрафти соҳаи китобдорӣ назаррас мебошад. Дар давоми фаъолияти роҳбарии худ оид ба пуррагардонӣ ва тарғиби фонди нигоҳдории китобхонаи мазкур, ҷалби хонандагон, ҳамкорӣ бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои кормандони китобхонаҳо диққати махсус додааст. Номбурда барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа пайваста кӯшиш менамояд. Ҳамзамон, дар рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ бо маҳорату кордонии худ саҳми арзанда мегузорад. 
Бо ташаббуси Файзализода Ҷумъахон Хол олимон ва мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» ба кор ҷалб карда шуданд. Ҳамчунин, зери назари ӯ як қатор дастурҳои библиографӣ, аз қабили «Гулназар Келдӣ», «Боқи Раҳимзода», «Фазлиддин Муҳаммадиев», «Назри Яздон», «Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон: барои соли 2021-2024», «Тоҷикистон дар адабиёти хориҷа» ва ғайраҳо чоп ва нашр гардидаанд.

Ҷамил ВАЛИЕВ, муовини сардори маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ

Санаи нашр: 03.04.2025 №: 65