ГӮШТИН
Паҳлавононамон дар Чемпионати Осиё ду медал гирифтанд
Тими мунтахаби гӯштини тарзи озоди Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё, ки 25-30-юми март дар шаҳри Аммони Урдун доир гашт, ду медал – як нуқра, як биринҷӣ – ба даст овард.
Медали нуқраро Виктор Рассадин (70 кг) сазовор гашт. Ӯ дар се давр бар намояндагони Урдун, Эрон, Муғулистон ғолиб омада, дар финал аз паҳлавони Қирғизистон мағлуб гашт. Магомед Евлоев (79 кг) бошад, ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд. Ӯ зӯрозмоиро аз чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Ҳиндустон ғолиб омад, вале дар нимфинал аз паҳлавони эронӣ шикаст хӯрд. Магомед, сипас дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм паҳлавони қазоқро мағлуб намуд.
ФУТБОЛ
Пирӯзии Тоҷикистон бар Тимори Шарқӣ
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври аввали марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин бозии гурӯҳи “А” 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гашт.
Голи ягонаро ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи сеюми бозӣ ба самар расонд. Сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки вазифаи даста ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст.
Дар бозии дигари гурӯҳ Филиппин бар Малдив бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.
Тими миллии футболи мо дар даври дуюм 10-уми июн дар сафар бо Филиппин вомехӯрад.
МУДИРИЯТ
Кирсти Ковентри – президенти нави КБО
Кирсти Ковентри аз Зимбабве дар иҷлосияи 144-уми Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар шаҳри Коста Наваринои Юнон ба ҳайси 10-ум президенти ин ниҳод ва нахустин президенти зан дар таърихи КБО интихоб шуд.
"Ман бениҳоят ифтихор ва ҳаяҷон дорам, ки раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ интихоб шудам. Духтари ҷавоне, ки солҳо пеш дар Зимбабве ба шиноварӣ шуруъ кард, ҳеҷ гоҳ ин лаҳзаро орзу карда наметавонист, – гуфт Ковентри. – Ман, махсусан ифтихор дорам, ки аввалин зан – президенти КБО ва аввалин нафар аз Африқо дар ин вазифа ҳастам. Варзиш қудрати беҳамто барои муттаҳидшавӣ, илҳом бахшидан ва фароҳам овардани имкониятҳоро барои ҳама дорад ва ман уҳдадорам, ки дар якҷоягӣ аз ин неру то ҳадди имкон истифода кунам".
Кирсти Ковентри дар симати президенти КБО Томас Бахи олмониро иваз мекунад, ки давраи 12-солаи фаъолияташ расман 23-юми июни соли равон ба поён мерасад.
Дар ҳамин ҳол, иҷлосияи 144-уми КБО президенти кунунӣ Томас Бахро президенти фахрӣ интихоб намуданд.
БОКС
Бокс ба барномаи олимпӣ баргашт
Аъзои Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) барои ворид кардани бокс ба барномаи Бозиҳои 31-уми олимпӣ дар Лос-Анҷелес овоз доданд. Қарор пас аз эътирофи муваққатии ташкилоти “Бокси ҷаҳонӣ” ба ҳайси мақоми роҳбарикунандаи он қабул шуд.
Номуайяние, ки дар давоми се соли охир нисбат ба бокс мавҷуд буд, бартараф гардид. Намуди бокс аз рӯйхати варзишҳое, ки барои Олимпиадаи Лос-Анҷелес дар иҷлосияи 139-уми КБО моҳи феврали соли 2022, ба далели баҳсҳо бо Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA), хориҷ карда шуда буд.
Бо ишора ба нигарониҳои идоракунӣ, эътирофи IBA 22-юми июни соли 2023 лағв шуд, ки боиси таъсиси созмони нав – “Бокси ҷаҳонӣ” (World Boxing) гашт ва дар ду соли охир шумораи аъзояш ба 84-то расид.
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”