САРФАИ БАРҚ АЗ ГӮШАИ ВИҶДОН АСТ

10 апрел 2025, Панҷшанбе
63
Бо назардошти он ки истифодаи энергияи барқ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт рӯз ба рӯз меафзояд, бояд ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани он аҳамияти ҷиддӣ диҳем. Рушди босуръат ва истифодаи техникаю технологияҳои муосир моро водор месозад, ки дар ҳама зинаҳо: истеҳсол, интиқол, тақсимот ва истифодабарии барқ чораҳои иловагӣ андешидем.
Ин нуқтаи назар дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28-уми декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, таъкид карда шуд. Вазорату идораҳои дахлдор, шахсони масъул вазифадор гаштанд, ки доир ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии соҳа, аз ҷумла лоиҳаҳо дар самти паст кардани талафоти барқ, тадбирҳои муассир андешанд.
Дар робита тавре аз таҳлилҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бармеояд, ду воситаи асосии аз норасоии неруи барқ раҳоӣ ёфтанд, пешниҳод мегардад:
1. Афзун кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар манбаъҳои истеҳсоли энергия;
2. Кам кардани истифода ё худ сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ ва гармӣ.
Бале, пеш аз ҳама, мо бояд иқтидорҳои истеҳсоли барқро афзун намоем, вале мо хуб медонем, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳ сохта намешаванд. Барои ҳамин ҳам, он иқтидорҳоеро, ки дар ихтиёр дорем, бояд самаранок истифода барем. Ин аз ҳамаи кормандон ва мутахассисоне, ки дар манбаъҳои истеҳсоли энергияи барқ, шабакаҳои интиқол ва тақсимот фаъолият мекунанд, инчунин аз истеъмолкунандагон, вобастагӣ дорад.
Яке аз вазифаҳои асосии Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ, ки мақоми ваколатдори Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика мебошад, ин назорати самаранок истифода бурдани неруи барқ ва додани тавсияҳо оид ба кам кардани хароҷоти ғайриистеҳсолии қувваи барқ мебошад.
Дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 27-уми марти соли 2025 баргузор шуд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ин робита Хадамот самти фаъолиятро дар масъалаи истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ таҳким хоҳад бахшид. Мо, аллакай, дар ин бора нақшаҳои мушаххас таҳия намуда, тадбирҳои оҷилиро нақшабандӣ намудаем. Барои оммафаҳм ва дастрас будани чораҳои андешидашуда ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма, радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ вусъат бахшидем. Таҳия ва нашри муроҷиатномаю буклетҳои ранга ва филмҳои тасвириро ба нақша гирифтаем, то ки ба воситаи онҳо корҳои оммафаҳмониро вусъат диҳем. Дар муҳлатҳои наздиктарин нашри буклет оид ба усули сарфаи энергия ба таври сода ба муштариёни маишӣ дар назар аст.
Дуруст ба роҳ мондани назорат дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ба барномаи омӯзишии бозомӯзандагони Муассисаи давлатии “Маркази таълимӣ дар соҳаи энергетика”-и назди Хадамот ворид шудааст. Акнун ба ҳама бозомӯзон дар қисми назариявӣ дар бораи роҳу усулҳои сарфаҷӯёна ва самаранок истифода бурдани энергия маълумоти зарурӣ дода, бо дастгоҳу асбобҳои дар ин самт мавҷудбуда дарсҳои амалӣ гузаронда мешаванд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сарфакорӣ мавзуи хеле фарох мебошад. Он дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар рӯзгори мардум аҳамияти хеле калон дорад. Роҳҳои сарфа намудани энергияи барқ гуногун мебошанд. Масалан, барои корхонаҳои истеҳсолӣ, бахши истиқоматӣ ва равшаннокию реклама дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои маданию фароғатӣ якчанд роҳу усул пешкаш мешаванд, аз ҷумла:
1. Кор карда баромадани меъёрҳои хоси истеъмоли барқи аз ҷиҳати илмӣ асоснок;
2. Татбиқи технологияҳои каммасрафи барқ ва маҳсулнок намудани истеҳсолот;
3. Истифодаи намудҳои алтернативии энергия, аз қабили бод, Офтоб, биогаз ва ғайра;
4. Ташкили дурусти истифода ва дар дараҷаи лоиҳавӣ нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои истеҳсолии реҷа ва таҷҳизоти энергетикӣ.
Як нуқтаи дигар низ хеле муҳим аст, ки сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неруи барқ кори ҳама аст. Бояд маърифати сарфакориро аз худ намоем ва ба исрофи беҳудаи ҳар кВт-соати неруи барқи барои ҳама зарур роҳ надиҳем.
Исрофи беҳуда, аз ҷумла исрофи барқ низ, нишонаи маданияти баланд нест. Дар замони худ Саъдии бузург фармуда буд:
Аблаҳе к-ӯ рӯзи равшан шамъи
кофурӣ ниҳад,
Зуд бинӣ, к-аш ба шаб рӯған на
бошад дар чароғ.
УБАЙДУЛЛОЗОДА Ғ. Х.,
сардори Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ
Санаи нашр: 09.04.2025 №: 68