МИЛЛАТ ВА РУШДИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ
Дар ноҳияи Ванҷ рушди ҳунарҳои қадимаи аҷдодӣ, ки солҳои пешин қариб аз миён рафта буданд, аз нав эҳё гардида, корхонаҳои истеҳсолӣ дубора ба кор шуруъ карданд. Имрӯз дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот корхонаҳои ҳунармандӣ фаъолияти густурда дошта, аз он аҳолӣ самаранок истифода мебарад.
Бояд гуфт, ки дар Ҷамоати деҳоти Рованд нисбат ба дигар ҷамоатҳо корхонаҳо бештаранд ва истеҳсоли маҳсулот низ зиёдтар аст. Маҳсули дасти устоҳои гулдасти ин Ҷамоатро дар ҳар хонадон дидан мумкин аст. Онҳо аз чӯби бед, сафедор, чормағз, чанор, ангат анвои маҳсулоти хушсифат ва бозоргирро пешкаши харидорон менамоянд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ маҳсули дасти ин устоҳо ба намоиш гузошта мешавад. Онҳо иброз медоранд, ки чӯби маҳаллӣ барои коркарди маҳсулот беҳтар буда, сифати маҳсулот низ нисбат ба чӯби дигар минтақаҳо фарқи калон дорад. Бинобар ин, маҳсулоти корхонаҳои ин Ҷамоат рақобатпазир буда, назари сайёҳонро бештар ҷалб месозад. Масалан, маҳсули дасти усто Бовари ғӯмастӣ кайҳо диққати сокинони дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва сайёҳонро ҷалб намудааст. Ӯ бо усули бобоӣ чӯбро коркард намуда, аз он муъҷизаҳои дилфиреб месозад. Ба ҳунари дастони ин устои муъҷизаофар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, барои тавсеаи корхона ва ба ин шуғли муфид ҷалб намудани ҷавонон дастур доданд.
Раиси Ҷамоати деҳоти Рованд Раҳим Ҷорубкашов иброз дошт, ки дар ин ҷо 4 корхонаи табақтарошӣ, 3 дӯкони оҳангарӣ ва як корхонаи ҳунарҳои омехта фаъолият дорад, ки дар онҳо зиёда аз 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъминанд. Сайёҳон ва дигар меҳмонон бештар ба маҳсули дасти усто Бовар ва устои оҳангар Зокир мароқ зоҳир намуда, аз дастранҷи онҳо бо худ армуғон мебаранд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки коркарди маҳсулот дар ин корхонаҳо хароҷот талаб намекунад. Устоҳо дар дарёчаҳо чархҳои чӯбинро васл намуда, ба воситаи об дастгоҳҳоро ба ҳаракат медароранд. Тамоми кори корхонаҳо тариқи об сурат мегирад. Кандакорӣ ва нақшу нигори маҳсулоти омодашударо дастӣ дар ҳамҷоягӣ бо шогирдон иҷро менамоянд.
Имрӯзҳо усто Бовар серкор аст. Ӯ барои ташрифи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ мебинад.
– Имсол ман дар ташрифи Ҷаноби Олӣ маҳсулоти навро, ки худам эъҷод намудаам, ба намоиш мегузорам, чунки барои сайқали маҳорат ва эъҷоди маҳсулоти нави миллӣ дастур дода буданд, – мегӯяд бо фахр усто Бовар.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор
Санаи нашр: 11.04.2025 №: 70
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН