АБАРМАРДОНИ ВАҲДАТОФАР
Боз дар авроқи таърихи Ватан
Вожаҳои сулҳу ваҳдат ҷо гирифт.
Ҳар яке бо хушнавозӣ, шукр, шукр,
Мағз андар мағзи дил маъво гирифт.
Боз огаҳ шуд ҷаҳон аз кори нек,
Халқи се кишвар ба ҳам дар во бикард.
Иттиҳоду дӯстӣ гашта қавӣ,
Ҷодаро во баҳри рафтуо бикард.
Сарвари се мулки зебо, ҳамҷавор
Хишти ваҳдатро ба ҳам бигзоштанд.
Дар замине майн буду симхор,
Донаи меҳру муҳаббат коштанд.
Пешвои ваҳдатофар бо ливо
Рафт зидди кинаву пархошу дард.
Бо нигоҳи нарму гарму ҳам хирад
Гулхане афрӯхт андар даҳри сард.
Сулҳу ваҳдат туҳфаи Парвардигор
Баҳри ҳар се миллати бо ҳам қарин.
Умри ваҳдат ҷовидон бод, эй Худо,
То абад ғамро набинад ин Замин.
Даҳр аз пиндори неки се бузург
Шод гашту ҳам басе хурсанд шуд.
Ҳар касе аз баҳри нодории сулҳ
Бо муҳаббатпешагон пайванд шуд.
Баҳри хушҳолии олам Пешво
Ҳар замон аз сулҳ мегӯяд сухан.
Кас пас аз панду дилогоҳӣ, яқин,
Роҳ меҷӯяд ба сӯи хештан.
Ман чӣ гӯям, чун бидонад ҳар касе?
Сулҳ оламро мунаввар мекунад.
Дасти ваҳдат гар шавад боло ба даҳр,
Рӯи дунёро мусаххар мекунад.
Кори неки се абармарди ҷаҳон
Дар сиёсат чашми оламро кушод.
Дар раҳи амнияту сулҳу субот
Бар ҷаҳонмардони олам панд дод.
Шаш кафи болои ҳам дар он замон,
Дар ҷаҳону шаш ҷиҳат чун ид буд.
Бас каломи дӯстӣ андар само,
Дар лаби кайҳону ҳам Хуршед буд.
Амиршоҳи ХАТЛОНӢ
МУБОРАК БОД НАВРӮЗАТ!
Ало, Яшти авастоӣ, муборак бод Наврӯзат,
Ало, ҳури аҳуроӣ, муборак бод Наврӯзат!
Умеду орзуҳоят баҳорандуда меояд,
Ало, маънои зебоӣ, муборак бод Наврӯзат!
Ба ҳаққи бахти гулдоман, дари дилро кушо бар ман,
Ало, рамзи дилороӣ, муборак бод Наврӯзат!
Ҷаҳон гардида лутфойин, зи Фарвардини хуррамдин,
Ало, хуршеди хушроӣ, муборак бод Наврӯзат!
Алиф, бо, дол мебоӣ, чӣ зарринбол меоӣ,
Ало, тифли алифбоӣ, муборак бод Наврӯзат!
Шукуфта аз ту дар ҳар сӯ гули ирфони зардолу,
Ало, шавқи шукуфоӣ, муборак бод Наврӯзат!
Ало, сарви самарқандӣ, гулистонат муборак бод,
Ало, ёри бухороӣ, муборак бод Наврӯзат!
Ало, рухсорагандумгун, зи гандум хонаат пур бод,
Ало, чашмони шаҳлоӣ, муборак бод Наврӯзат!
Зи дуриҳои руъёгун ба қалби Ҷаъфари мафтун,
Ало, эй он ки меоӣ, муборак бод Наврӯзат!
Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ
Санаи нашр: 14.04.2025 №: 71
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН