БАРҚИЯИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ БА АНВАР ИБРОҲИМ
15-уми апрел Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия муҳтарам Анвар Иброҳим барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари даргузашти собиқ Сарвазири Малайзия ҷаноби Абдулло Аҳмад Бадавӣ боиси ғояти андуҳи мо гардид.
Марҳум бо фаъолияти доманадори худ ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ дар дохили кишвар ва берун аз он маъруфият пайдо карда, соҳиби обрӯву иззат ва эътибори шоиста гардида буд.
Мо саҳми ҷаноби Абдулло Аҳмад Бадавиро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Малайзия қадр мекунем ва ба шахсияти ӯ эҳтиром мегузорем.
Дар робита ба ин мусибати гарон, ба Шумо ва мардуми барои мо бародари Малайзия ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро баён намуда, ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонам».
Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН