САРФАКОРӢ. МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАЪМИНОТИ ПУРРА БО БАРҚ
15-уми апрели соли 2009, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр шуда буд: “Мо бояд ба маданияти истифодабарӣ ва сарфакории неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз хурдсолӣ тарғиб менамоянд”.
Ҳамон вақт бо пешниҳоди дурандешонаи Сарвари давлат Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳатто Россия, аввалин шуда ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузашт. Ин барои сарфаи барқ манфиати хуб дод. Ба лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои тафсон, сарфаи неруи барқ танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар ба 3 миллиарду 120 миллион кВт-соат баробар шуд, ки ба ҳаҷми истеҳсоли неругоҳи дорои иқтидори 810 мегаватт баробар аст. Барои муқоиса: Неругоҳи барқи обии “Бойғозӣ” 600 мегаватт ва Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” 670 мегаватт иқтидори истеҳсолӣ доранд.
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ на танҳо барои тамоми ҷомеа, балки барои ҳар хонадон манфиатбахш аст. Агар ҳар хонадони мо дар як сол 1000 кВт-соат барқро сарфа намояд, дар як сол ба буҷети оила 353,6 сомонӣ фоида меорад. Аз дигар тараф, таъминоти тамоми ҷомеа бо барқ хеле беҳтар мегардад. Агар мо ба назар гирем, ки шумораи истифодабарандагони маишии (аҳолии) мо бештар аз 1,8 миллион аст, дар ин сурат, 1000 кВт-соат барқро сарфа намудани ҳар хонадон дар як сол ба 1,8 миллиард кВт-соат барқ баробар мешавад. Агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯз ба ҳисоби миёна 50 миллион кВт-соат барқ истифода шавад, ҳисоб кунед, ки 1000 кВт-соат неруи барқро сарфа намудан ба тамоми ҷумҳурӣ барои чанд рӯз мерасад?! Барои зиёда аз як моҳ. Инчунин, аз ин ҳисоб метавон маҳдудиятро дар фаслҳои тирамоҳу зимистон коҳиш дод.
Дар солҳои истиқлоли давлатӣ, алалхусус дар ҳафт соли охир, дар ниҳоди энергетикии кишвар таҳаввулоти калоне ба амал омад. Бо таваҷҷуҳи хос ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи энергетика, дар ин давра дар Тоҷикистон неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», маркази дуюми барқу гармии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”, даҳҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ ба истифода дода шуданд. Дар кишвари мо, ҳақиқатан, энергетика рушд меёбад. Инро касе инкор карда наметавонад. Вале дар як вақт иқтисодиёту иҷтимоиёт низ пеш меравад ва сол ба сол талабот ба неруи барқ меафзояд. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ва талабот ба он мувозинат накарда истодааст. Яке аз сабабҳои асосӣ хароҷоти беҳудаи неруи барқ аст. Дар истифодаи неруи барқ меъёрҳои сарфакорӣ ва истифодаи мақсадноки барқ дағалона вайрон карда мешавад. Масалан, дар моҳи январи соли ҷорӣ аз тарафи муштариён нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 192 миллион кВт-соат, ё худ 6,1 фоиз зиёд барқ истифода шудааст. Дар моҳи март бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 20 фоиз зиёд барқ истифода гардидааст.
Дар шаҳри Душанбе бо вуҷуди он ки як қисмати он бо гармӣ таъмин аст ва бояд аз ин ҳисоб 30 фоизи истифодаи барқ сарфа шавад, баръакс ин зимистон истифодаи барқ афзун гаштааст. Моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе истифодаи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 фоиз афзуд. Яъне, ба ҳисоби миёна, истифодаи барқ ҳар рӯз 5 миллион кВт-соат зиёд шудааст. Ин факту рақамҳо тақозо менамоянд, ки бояд дар истифодаи барқ сарфакор ва боинсоф бошем. Дар айни замон, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст.
Дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки 27-уми марти соли 2025 баргузор шуд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.
Дар Маҷлис таъкид гардид, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарии ҷиноятӣ муайян карда шавад. Дигар онҳое, ки барқро беинсофона ва ғайриқонунӣ истифода мебаранд, яъне ба хазинаи давлат даст мехалонанд, ба ҷомеа ва оянда хиёнат карданӣ мешаванд, беҷазо нахоҳанд монд. Боло рафтани мақоми Хадамоти давлатии назорати энергетикӣ низ ба назорати истифодаи мақсадноки неруи барқ, таҳияи дурусти ҳисобу китоби барқи фоиданок ва кам шудани талафот мусоидат хоҳад кард.
Нозир ЁДГОРӢ, нависанда
Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73
