"ҶУМҲУРИЯТ " – ДАРИЧАИ ПАЙВАНДИ ПОРСИЗАБОНОНИ ҶАҲОН
Замоне ба Тоҷикистон омадам, ошноӣ бо ҳеҷ яке аз зиёиёни Тоҷикистон надоштам, вале бо ин ки худам аҳли қалам ва дар меҳвари қалам будам, ҳамеша дар фикри ошноӣ ва иртибот бо рӯшанфикрон мегаштам. Бо гузашти рӯзҳои сахте, ки ватан ва зодгоҳам дар соли 2021 дошт, ҳис мекардам, ки дарди ин рӯзҳоро фақат метавон бо суҳбату вохӯриҳо бо зиёиён дар вуҷудам тасаллӣ дод.
Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бароям хонаи дувум шуда буд, ҳафтае чаҳор рӯз аз шаҳри Ваҳдат меомадам ва бо мутолааи китобҳои таърихӣ ва доштаҳои гаронмояи тоҷикон ва порсизабонон вақт мегузарондам. Бо ин ки бо ҳеҷ касе ошно набудам ва наметавонистам баҳсҳои илмиву таърихӣ кунам, зиндагӣ дур аз зодгоҳ бароям сахт мегузашт, то ин ки бо дӯстони фарҳехта, аҳли қалами Китобхонаи миллии Тоҷикистон Бобоҷони Шафеъ ва Раҳима Аъзам ошно шудам. Бо Раҳима Аъзам ба идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” рафтам. Вақте бо ҳам ба ин макони расонаӣ ва маҳди донишу ахбори Тоҷикистон рафтем, аз лаҳзаи вурудамон нишони фарҳанг, адаби тоҷикона, масъулияти меҳанмеҳварӣ, арзишсозии фарҳангу хабари тоҷик ва ҷаҳонро дар робита бо дастоварди бузург барои худ ёфтам.
Бо ангезаи хотир метавон бигӯям, ки "Ҷумҳурият" хонаи паёмҳои тозаи фарҳангу адаб барои тамоми порсизабонони ҷаҳон аст. Ин аст, ки ҳар порсизабон бо вуруд ин ҷоро хонаи худ медонад. "Ҷумҳурият" на танҳо як пойгоҳи хабарии барҷаста ва паёмҳои боварбахши Тоҷикистон ва ҷаҳон, балки макони пайванди тоҷикони бурунмарзӣ ва маҳали муаррифии чеҳраҳои барҷастаи адибони порсигӯ бо ҳамдигаранд. Ҳатто худам, бовар кунед, ки бо чанд тан аз нависандаи афғонистониву эронии то он замон бароям ноошно, аз тариқи "Ҷумҳурият" ошно шудам. Каёни Покдил, забоншинос аз Эрон, ҳоло муқими Канада, Яъқуби Ясно, шоҳномашиноси машҳури Афғонистон, Ҷаъфари Ранҷбар, суханшинос аз Афғонистон дар ин радифанд.
Ҳамзамон, ошно шудан бо нависандагони шинохтаи порсигӯ аз кишварҳои Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Покистон ва Чин яке аз бузургтарин дастовардҳои адабиву фарҳангии зиндагии ман аст.
Замоне, ки дар Озмуни байналмилалии "Ҷумҳурият" бо номи "Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи давлатдории тоҷикон" ширкат доштам ва соҳиби ҷойгоҳи вижа ва қадру қимати бошукӯҳи тоҷиконаи худро ёфтам, ба худ гуфтам: “Оре, тоҷик будан иззат ва ифтихори бузургест, ки ман дорам”.
Аз ин дастоварди таърихӣ дар зиндагиям, ки "Ҷумҳурият" сабаби он аст, сипосгузорам. Шодиовар он буд, ки ин ҳама арҷу меҳрубониро дар сарзамини тоҷикон ва хонаи тоҷикони ҷаҳон ба даст овардам.
Дар баробари бо шахсиятҳои барҷастаи илмии тоҷикони ҷаҳон маърифат пайдо кардан, ҳатто василаи пайванди тоҷикони кишварам бо тоҷикони Тоҷикистон ва ҷаҳон гардидам. Ман аз он диёре, ки номаш Кописо, маҳди зуҳури тамаддуни Кӯшониён аст, тавонистам, ки эҷодкорони ҷавон ва шоирони баландмартабаи ин марзу буми таърихиро бо ҷомеаи адабиву фарҳангии Тоҷикистон ва соири кишварҳои порсизабон муаррифӣ намоям. Дар фарҷом аз тарафи ҷомеаи пурбори фарҳангиву адабӣ ва ҳунарии порсизабонони афғонистонӣ садсолагии рӯзномаи муътабари "Ҷумҳурият", ки оинадори фарҳанг ва пайванди тоҷикон ва порсизабонони дунёст, хуҷастабод мегӯям!
Таманно дорам, ки ин масири фарҳангсоз ва ҷомеасози рӯзнома давомдор ва ба хайри робитаҳои тоҷикони дунё бошад.
Аҳмадзоҳир ҶАҲИШ, адиб ва фаъоли мадании вилояти Кописои Афғонистон
Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73
