ДУШАНБЕ ШАҲРИ ГУЛҲО
Имрӯзҳо тамоми кӯчаву хиёбонҳои пойтахти Ватани маҳбубамон бо биноҳои зебову замонавӣ ва боғу майдонҳои гулпӯшшудааш ба гулистоне табдил ёфтааст, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд ва завқи зебоипарастиро дар дилашон бедор месозад. Парвариши гулу буттаҳои маҳаллӣ якҷо бо гулҳои аз хориҷи кишвар воридгардида ба ҳусни Душанбешаҳр зебоии дигар зам намудааст.
Дарвоқеъ, тайи чанд соли охир бо талошҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кӯчаю хиёбонҳои пойтахт навсозӣ гардида, бо нақшу нигори миллӣ оро ёфтаанд. Тасвири нақшу нигор бо гулу буттаҳо дар кӯчаҳои шаҳр аз ҷониби кормандони корхонаи гулпарварӣ ва сокинони пойтахт ба ҳукми анъана даромадааст. Албатта, дидани чунин манзараҳо ба кас руҳу илҳоми тоза бахшида, ҳар бинандаро баҳри боз ҳам бо дили гарм ва умед ба фардои нек софдилона фаъолият намудан, водор месозад. Имрӯзҳо шаҳрвандон ва меҳмонони мамлакат аксар вақт ба мавзеъҳое мераванд, ки дар онҳо гулҳои рангоранг шукуфтаанд. Ҳар фарди зебоипараст мехоҳад дар канори онҳо акс гирифта, вақти хешро бо хушиву хурсандӣ сипарӣ созад.
– Бо сабаби серкорӣ ба Душанбешаҳр ками андар кам меоям. Бо пайдо шудани имконият, кӯшиш мекунам, ки ҳар фасли баҳор сайри Душанбе кунам, зеро ҳамасола дар гулгаштҳои пойтахт гулҳои наву нодир мебинаму барои хотира акс гирифта ба деҳ бармегардам. Дар ҳар сафарам ба ин шаҳри зебо онро дар оғуши гулҳо дар меёбаму ба ҳама нафароне, ки дар сабзондани онҳо заҳмат мекашанд, аҳсант мехонам, – мегӯяд Ғунчагул Камолова, сокини ноҳияи Сангвор.
Дарвоқеъ, парваришу нигоҳу-бини гулу буттаҳои ороишӣ аз қадимулайём барои миллати тоҷик рамзи хуррамиву сарсабзӣ мебошад. Тавсифу тараннуми гулҳои атрогину сабзаҳои махмалин дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик мақоми арзанда дошта, то ба имрӯз омада расидаанд.
– Айни замон дар шаҳри Душанбе дар ҳар мавзеъ гулҳои гуногун, аз ҷумла гули лоларо, вомехӯред, ки шукуфтан дорад. Ин гулҳо диққати ҳар касро ба худ ҷалб менамоянд. Аслан, гулкории мавзеъҳои гуногун аз боло бурдани завқу шавқи зебоишиносӣ дарак медиҳад. Мо то имрӯз гулҳои зиёд, бахусус лолаҳои рангоранг, шинондем, ки ҳар яки он ба худ маънои хос дорад. Нигоҳубини онҳо бароямон як кори муқаррарӣ шудааст. Ба онҳо чунон одат кардаем, ки дигар табъамон аз онҳо вобаста шудааст. Гулҳо мисли ҳама гиёҳҳо ҳавоеро, ки мо нафас мекашем, тоза мекунанд ва хонаамонро муаттар мегардонанд. Ранги сабз, ранги бартаридоштаи рустаниҳо ва гулҳо яке аз рангҳои табиӣ аст. Дар назди гулҳо ва рустаниҳо мо энергияи мусбат мегирем ва эҳсос мекунем, ки руҳияи мо чӣ гуна тағйир меёбад. Хастагӣ, асабоният меравад – мо ором мешавем. Гули лолаи шукуфон ҳар яки моро шод мегардонад, аз ин ҷост, ки ҳамеша ба гулҳо бо завқ менигарем ва онҳоро мисли фарзанд дӯст медорем, – мегӯяд Гулсара Бедимоғова, гулпарвар.
Имрӯзҳо талошу тадбирҳои пайвастаи раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пайи ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар пайравӣ ба иқдомҳову ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшнамоии мамлакат мебошад.
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.04.2025 №: 75-76
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН