МАҲБУБИ ДИЛҲО. БОЗТОБЕ АЗ ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИСБАТИ КӮДАКОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД
Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайваставу беназири давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва маъюбон назаррас арзёбӣ мешаванд. Бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушди баркамол ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароитҳои муосир фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат ҳамеша бо хислати нодири раъиятпарварии хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат буда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа борҳо талаб намудаанд.
Дар ҳошияи ин ғамхориҳои Пешвои миллат аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ чунин амалҳои хайр нисбати ин қишри осебпазири ҷомеа мунтазам анҷом дода мешавад. Аз ҷумла, дар арафаи иду ҷашнҳо барои таълимгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии “Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд”-и шаҳри Душанбе дастархони идона ороста, инчунин, ба онҳо сарулибос ва лавозимоти хониш тақдим карда мешавад. Ин гуна иқдомҳо моро водор месозад, ки дар самти таълиму тарбияи насли наврас кӯшишу ғайрати худро дучанд намуда, хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем.
Пешвои миллат пайваста таъкид медоранд, ки: «Ман ҳеҷ вақт ягон ятимро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям». Дар Паём (22.12.2017) оид ба масъалаи дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд хеле хуб зикр намуданд: «Мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи тадбирҳои саривақтиро амалӣ карда истодаем».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ (17-уми марти соли 1994 ва 1-уми ноябри соли 2012) ташриф оварда, дар назди масъулин вазифа гузоштанд, ки таълиму тарбияи ин хонандагонро баланд бардошта, китобҳои дарсӣ, барномаҳо ва дигар маводи заруриро бо забони тоҷикӣ таҳия ва чоп намоянд. Дар асоси дастуру супоришҳояшон барои ин қишри осебпазири ҷомеа корҳои зиёде амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, китобҳои дарсии «Алифбо барои синфҳои тайёрӣ» (муаллифон Қувватов С., Ибронов М.), «Инкишофи нутқ барои синфи 2» (муаллифон Қувватов С., Аловатшоев Ҷ.), “Алифбо барои кӯдакони сустшунаво” (муаллиф Шодмонов Ш.) бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз чоп баромаданд. Дар баробари таълиму тарбияи онҳо масъалаи корҳои ислоҳнамоӣ ва солимгардонӣ дар муассисаҳои таълимӣ мавқеи асосиро ишғол менамояд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои 2013-2021, инчунин, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи илму маориф маблағгузориҳои зиёд аз сарчашмаҳои гуногун равона гардида, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пешрафти илмӣ, техникӣ, технологӣ ва аз ҳама муҳимаш, ташаккули мафкураи нави сиёсӣ оид ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, меҳаншиносӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардиданд. Бояд таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми қишрҳои ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ташаккули инсони ҳамаҷониба инкишофёфта, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои неку созандаи милливу умумибашарӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Садсолаҳо мегузарад, дар таърихи халқи тоҷик ин навиштаро ояндагон мехонанд, ки тоҷикон тавонистанд бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама гуна вазъияти мураккаб бароянд, арзишҳои миллии худро ҳифз ва дар арсаи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ кунанд.
Дар замони муосир нақши таълиму тарбияи ҷавонон дар мамлакат ҳамчун падидаи иҷтимоӣ торафт афзуда истодааст. Аз ин нуқтаи назар, арзёбии арзишҳои маънавиву моддӣ василаи дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кардани давлату миллат мебошад.
Мақому манзалати омӯзгорон ва нақши онҳо дар рушди неруи инсониро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин арзёбӣ намудаанд: “Ояндаи миллат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”. Ин шаҳодати ташкили низоми мукаммали маориф дар солҳои истиқлолият мебошад. Амали мазкур боз як маротибаи дигар собит месозад, ки масъалаи таълиму тарбия яке аз самтҳои афзалиятнок ва босамари фаъолияти давлат ва Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, баҳри беҳбудиву осудагӣ ва рушди диёрамон равона гардидааст. Қобили зикри махсус аст, ки, ҳамзамон, тавонистанд миллати тоҷикро сарҷамъ ва давлатро аз парокандагӣ наҷот диҳанд. Бинобар ин, маҳбуби ҳамагон шуданд, мардум он касро фарзанди фарзонаи миллат, Президенти мардумӣ, ятимпарвар ва билохира Пешвои миллат хонданд.
Одиназода Шафқат Муродалӣ,
директори Муассисаи давлатии таҳсилоти
миёнаи умумии «Мактаб-интернати №5
барои кӯдакони имконияташон
маҳдуд»-и шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 21.04.2025 №: 77
