“РОҒУН”. БОЗТОБИ ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИК
Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷамъоварӣ ва пажӯҳишу муаррифии осори таърихии халқи тоҷик, дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҳадафҳои стратегии кишвар низ нақши муҳим ва калидӣ дорад.
Дар робита ба ин, чанде пеш дар толори намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ, бо ибтикори Осорхонаи миллӣ ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, нахустин намоиши асарҳои тозаэҷоди рассомони мамлакат таҳти унвони “Роғун – кохи нур” баргузор гардид. Дар он вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиён роҷеъ ба таърихи бунёд ва рушду навсозии фаъолияти НБО “Роғун” ибрози андеша намуда, таъкид сохтанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо заҳматҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду чархаи Неругоҳ ба кор шуруъ намуд, ки муҳимтарин дастоварди энергетикии кишвар маҳсуб меёбад. Воқеан, тасвири фаъолияти гуногунҷабҳаи НБО “Роғун” дар асарҳои рассомони кишвар падидаи муҳими фарҳангӣ буда, дар муаррифии корномаҳои бунёдкорони ин иншооти аср нақши назаррас доранд.
Баъди ифтитоҳи намоиши асарҳо меҳмонон бо эҷодиёти рассомон аз наздик шинос шуданд. Дар он офаридаҳои рассомони муосир, ҳамчунин, мусаввараҳои марбут ба ин иншооти муҳими аср аз фонди Осорхонаи миллӣ пешниҳод гардид.
Зимни намоиш зиёда аз 100 асари санъати тасвирӣ ва ороишӣ-амалӣ, ки маҳсули эҷоди рассомон, графикон, муҷассамасозон, наққошон ва кандакорони кишвар мебошанд, пешниҳоди тамошобинони дохилию хориҷӣ гашт.
Бояд тазаккур дод, ки намоиши “Роғун – кохи нур” дар Осорхонаи миллӣ то 25-уми апрел идома хоҳад ёфт.
Алишер ЗАРИФӢ,
муовини якуми директори
МД “Осорхонаи миллӣ”
Санаи нашр: 22.04.2025 №: 78
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН